МИНО, маяк, иншиооти сигналдиҳандаи манорашаклест, ки бо роҳи афканиши рӯшноӣ, мавҷҳои садо ё радиомавҷҳо бехатарии ҳаракати самолёту киштиҳоро таъмин мекунад ва онҳоро аз роҳгум задан эмин медорад. Барои раҳамоӣ ба киштиҳо (дар баҳрҳо) дар ҷои намоёии соҳил манора сохта, дар болои он танвираи пуриқтидор (лампаҳои электри, ацетилена ё карасинӣ) мегузаронанд. Миноҳои шиновар (дар болои киштиҳои махсус) низ истифода бурда мешаванд. Миноҳое, ки самолётҳоро раҳнамоӣ мекунанд, миноҳои авиационӣ ном гирифтаанд. Дар ҳавои туман ё ҳангоми боришот радиомино истифода мешавад: радиостанцияҳои махсус радиомавҷҳо фиристода, ба киштиву самолётҳо роҳи бехатарро нишон медиханд. Доираи амали Минои мунир 20—50 км, радиомино 30—500 км ва зиёда аз он; Минои акустикӣ (ҳавоӣ) 5—15 км, Минои гидроакустикӣ то 25 км мебошад.
Tags гуногун
Инчунин кобед
САҚАНКӮР
САҚАНКӮР, нигаред Самандар.