Маълумоти охирин

МИНО

minoМИНО, гули мино (Cosmos), гиёҳҳои як ва бисёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Мино дар шароити Тоҷикистон гули яксола аст. Дар дунё 4 намуди Мино маълум буда, дар Америкаи тропикӣ мерӯяд. Мино дар бисёр давлатҳо гули маъмул аст. Ду намуди онро (С. bipinnatus, С. sulphureus) дар Тоҷикистон аз соли 1940 парвариш мекунанд. Баландиаш 70—140 см. Пояи рости сершоха, барги рӯ ба рӯ ҷойгиршудан паррадор ё паршакл дорад. Гулаш дар гулпояи дароз ҷудо ё дар хушагули ҷалғузамонанд мешукуфад; найчагулаш зард, забонакгулаш сафед, сурх, норинчӣ, арғувонӣ мешавад. Мино дар шароити республика (Ду­шанбе) аз нимаи якуми июнь то барфборӣ гул мекунад. Аз тухм зиёд мекунанд. Моди апрел бо усули қаторӣ (байни қаторҳо 30X40 ё 40×60 см) кишт мешавад. Ниҳоли Мино дар қитъаи кушод, хоки серпору ва намии мӯътадил нағз нашъунамо ме­кунад.

Ад.: Марсальская Н. К., Цве­точно-декоративные растения для озеленения Таджикистана, дар кит.: Цве­товодство Таджикистана, Д., 1965; Полетико О. М., Мишенкова А. П., Декоративные травянистые растения от­крытого грунта, Л, 1967.

М. М. Шарифова.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …