Маълумоти охирин

МИНИН

mininМИНИН (Сухорук) Кузьма (соли таваллуд номаълум — вафот 1616), яке аз ташкилотчиён ва сарварони лашкари 2-юми халқӣ дар давраи интервенцияи полякҳо ва шведҳо дар аввали асри 17. Аслан аз Нижегород. 1 сентябри 1611 сардори земство интихоб гардида ба ташкили лашкари халқӣ роҳбарӣ намуд. Бо маслиҳати Минин князи М. Пожарский роҳбарии ҳарбиро ба ӯҳда гирифт. То даъвати ҷамъомади земство (1613 Минин ба «Совет всея земли» («Шӯрои тамоми сарзамин»), ки аввали соли 1612 дар Ярославл ташкил шуда, вазифаи ҳукуматро иҷро мекард, дохил буд. Дар муҳорибаҳои барои Москва 22—24 августи 1612 диловарӣ зоҳир намуд, ху­ди ҳамон сол ба ҳайати Думаи боярҳо дохил шуда, ба гирифтани унвони дворянии Дума мушарраф гардид. Минин— яке аз машҳуртарин қаҳрамонхои миллии халқи рус. Соли 1818 дар Майдони Сурхи Москва ба Минин ва Пожарский ҳайкал (ҳайкалтарош И. П. Мартос) гузошта шуд.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …