Главная / Гуногун / МИНГЧУҚУР

МИНГЧУҚУР

МИНГЧУҚУР, деҳаест дар С. қ. Деҳқонободи pайони Ҷиликул, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози «Москва». Аз Мингчуқур то маркази С. қ. 12 км. Аҳолиаш 480 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби ибтидоӣ, пункти тиббӣ, магазин, парки мошину тракторҳо дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо ба воситаи насосҳо аз д. Вахш обёрӣ мешаванд. Аз канори деҳа роҳи оҳан Тирмиз—Қӯрғонтеппа—Ёвон ме­гузарад.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …