Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИНГБОШӢ

МИНГБОШӢ

МИНГБОШӢ (аз ӯзб. минг — ҳазор ва бош — cap), унвони ҳарбию маъмурӣ дар Осиёи Миёна. Дар хонии Қӯқанд мансабн Мингбошӣ баъди хон дуюмин мансабе буд. Дар хонии Хева мансаби аз ҳама хурд. Дар Эрон ва Хуросони давраи Нодиршоҳ (1730—47) Мингбошӣ сардори ҳарбӣ. Дар туркманҳо сардори қабила. То ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия сардори баъзе шаҳрҳоро Мингбошӣ мегуфтанд. Баъдҳо Мингбошӣ мансаби хурде гapдид ва ӯ дар шаҳрҳо ба хариду фурӯш назорат мекард. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар терр. имрӯзаи республикаҳои Осиёи Миё­на сардори идораи маъмурии якчанд қишлоқи муттаҳидро Мингбошӣ меномиданд.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …