Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЕРАЛОГИЯ

МИНЕРАЛОГИЯ

mineralogiyaМИНЕРАЛОГИЯ (аз минерал ва ­логия), илмест дар бораи пайвастҳои табиии химиявӣ — минералҳо. Истилоҳи «Минералогия»-ро аввалин бор с. 1636 олими италиявӣ Бернард Це­зий (Цезиус) дар илм ҷорӣ карда­аст. Минералогия яке аз соҳаҳои қадимтарини илми геология буда, таркиби минералҳо, сохти кристаллӣ, хусусиятҳхои физикию химиявӣ, шароитҳои пайдоиш ва аҳамияти амалии онҳо­ро дар алоқамандӣ бо якдигар меомӯзад. Бо кристаллография, петро­графия, геохимия ва илмӣ оид ба сарватхои зеризаминӣ зич алоқаманд аст; аз усулҳои тадқиқоти илмҳои физикаю химия истифода мебарад. Гуногунии вазифаҳои илмию амалии Минералогия боиси ба вуҷуд омадани як қатор равияҳои он гардид. Минералогияи тасвирӣ маълумотҳоро до­ир ба морфология, хусусиятҳои физикии минералҳо ва таркиби химиявии онҳо ҷамъбаст мекунад; сабабҳои алоқамандии байни таркиб, сохт ва хусусиятҳои физикии минералҳоро муқаррар намуда, масъалаи ба система даровардани онҳоро ҳал ме­кунад, физикаи минералҳо асоси ин равияро ташкил медиҳад. Минералогияи ге­нетикӣ шароит ва қонуниятҳои геологиеро муайян мекунад, ки бои­си пайдоиши минералҳо ва конҳои онҳо мегарданд; ҳарорат, фишор, хусусиятҳои химиявии муҳити минералҳосилшавӣ ва дигар параметрҳои физикию химиявии процесси ҳосил шудани минералро меомӯзад. Минералогияи таҷрибавӣ ба моделонидани процессҳои табиӣ ва омӯзиши системаҳои физикию химиявӣ пардохта, шарту шароити пайдоиши минералҳоро дар табиат тадқиқ ме­кунад. Ба ин равия соҳаи нави Минералогия— синтези минералҳо (алмос, кварци пьеэооптикӣ, флюорити оптикӣ, беҷода, ёқут ва ғ.), ки дар техникаи муосир васеъ татбиқ мешавад, наздик аст. Минералогияи амалӣ ва техникию иқтисодӣ проблемаҳои дар саноат кор фармудани хелҳои нави минералхо, роҳҳои истифодаи комплексии ашьёи минералӣ, бо мақсади ҷудо кардани навъҳои аз ҷиҳати технологи фоидабахши маъданҳо, тартиб додани харитаи мине­ралогии конҳо, тадқиқ ва тавсияи усулҳои коркарди химиявию техно­логии минералхоро вобаста ба сохт, таркиб ва ҳолати агрегатии онҳо, инчунин ҳангоми ҷустуҷӯ ва баҳодиҳӣ ба сарватхои зеризаминӣ аз меъёри минералогӣ дуруст истифо­да бурданро ҳал менамояд. Минералогияи регионалӣ (маҳаллӣ) маълумотҳои минералогии терр-ҳои муайян ва минтақаҳои маъдандорро ҷамъбаст намуда, қонуниятҳои ҷойгиршавии минералҳо ва ассоциацияи онҳоро вобаста ба рафти инкишофи геоло­гии регион муайян мекунад. Минералогияи ҷисмҳои кайҳонӣ ба тадқиқи минералҳои Моҳ ва ҷисмҳои кайҳонӣ машғул буда, баробари дастрас гардидани ҷинсҳои Моҳ босуръат инкишоф ёфта истодааст.

Минералогия дар замони хеле қадим дар натиҷaи фаъолшгги меҳнатии инсон ба вуҷуд омадааст. Дар асарҳои олимони Юнони Қадим ва Рими Қадим (Теофраст, Плинийи Калон) оид ба минералҳо маълумотҳои нахустин оварда шудаанд. Ҳанӯз дар асрҳои миёна ҷустуҷӯ ва дарёфтани ашьёи хоми минералӣ барои металлгудозӣ, эҳтиёҷоти тиб, алхимия, муомилоти пул ва корҳои заргарӣ боиси васеъ шудани домираи маълумотҳо оид ба минералу маъданҳо гардиданд. Аз байни олимони Осиёи Миёна бештар асаҳои Абурайҳони Берунӣ ва Ибни Сино ҷолиби диққатанд. Дар китоби машҳури Берунӣ «Китоб-ул-ҷамоҳир фӣ маърифат-ил-ҷавоҳир» дар бораи зиёда аз 300 минералӣ дар замони муаллиф маълум, хусусияти онҳо ва конҳои минералҳо маълумот дода шудааст. Ибни Сино дар «Китоб-уш-шифо» ном асараш ми­нералҳоро ба 4 гурӯҳ тақсим кард:

1) сангҳо; 2) металлҳо; 3) ҷисмҳои сӯзандаи сулфурдор; 4) намакҳо. Дар асри 13 дар Европа оид ба мине­ралу маъданҳо китоби махсусе чоп шуд (Альберт Магнус, 1193—1280).

Минералогия дар давраи Эҳё чун илми мустақил ташаккул ёфт (асрҳои 14—16),

Г. Агрикола (Георг Бауэр, 1490— 1555) оид ба геология ва Минералогия нахус­тин тадқиқоти калонеро анҷом дод. Ӯ дар китобҳои худ: «О природе ископаемых» («Оид ба хосияти сарват­ҳои зеризаминӣ») ва «Огорном деле и металлургии» («Дар бораи кӯҳкорӣ ва металлургия») минералу маъданҳоро аз ҷинсҳои кӯҳӣ ҷудо кард, хосияти физики минералҳоро баён намуд ва онҳоро бори аввал тасниф намуда, барои маънидоди илмии пайдоиши минералҳо кӯшид. Баробари инкишоф ёфтани Минералогия аз он илмҳои нави мустақили геологӣ, монан­ди кристаллография ва петрография (асри 19), илм дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, геохимия ва кристаллохи­мия (аввали асри 20) ҷудо шуданд. Инкишофи Минералогия дар Россия бо номи М. В. Ломоносов алоқаманд буда, ба ақидаи ӯ барои ҳар як минерал таркиби химиявӣ нишонаи асосӣ аст.

В. М. Севергин ҳам яке аз асосгузорони Минералогия дар мамлакати мост. Ӯ низ Ломоносовро пайравӣ намуда, химияро асоси Минералогия мешуморад. Олимони рус Д. И. Соколов, Н. И. Кокшаров, В. В. Докучаев, Е. С. Фёдоров, В. И. Вернадский ва А. Е. Ферсман тарзҳои нави тадқиқ ва назарияҳои таъмини М.-ро пешниҳод намуда, дар илми ҷаҳонӣ ҳиссаи муносиб гузоштанд. Ба инкишофи Минералогияи ҳозира қонуни даврии Д. И. Менделеев ва қоидаи фазаҳои Ҷ. У. Гиббс таъсири калон расонданд. Дар замони советӣ бо корхои амалии кӯҳкорӣ алоқаи зич доштан ва аз рӯи план гузаронида шудани тадқиқотхои илмӣ боиси босуръат инкишоф ёфтани Минералогия гардиданд. Дар cap то сари СССР тадқиқотҳои зиёди минералогии регионалӣ давом доранд. Бисёр қонуниятҳои маъдандор (нимҷаз. Кола, Екутистон, шим. шарқи СССР» Кавказ, Осиёи Миёна ва ғ.) кашф ва аз худ карда шуданд. Дар инкишофи М. А. П. Карпинский, А. К. Бол­дырев, С. С. Смирнов, В. Н. Лодоч­ников, Д. С. Коржинский, А. Г. Бетохтин, Н. В. Белов, В. С. Соболев, Д. П. Григорьев, Е. К. Лазаренко ва диг. низ ҳиссаи калон гузоштаанд.

Бо тадқиқи Минералогия як қатор институтҳои АФ СССР, управленияю идораҳои Вазорати геологияи СССР ва республикаҳои иттифоқӣ, ин-тҳои таълимӣ ва тадқиқоти илмӣ машғуланд. Оид ба Минералогия муҳимтарин нашрияҳо инҳоянд: «Записки Всесоюзного минералоги­ческого общества» (аз 1886), «Минералогический сборник» Львовско­го Ун-та (аз 1947), «Труды Минералогического музея» АН СССР (аз 1949). Дар Тоҷикистон тадқиқотҳои мунтазами минералогӣ баъд аз Револютсияи Октябрь оғоз ёфтанд ва комёбиҳои ин соҳа бо номҳои А. Б. Ферсман, Д. И. Щербаков, Т. Н. Иванова, Б. Н. Наследов, В. А. Николаев, А. П. Недэвецкий, Н. А. Смольянинов, ф. И. Вольфсон, Н. К. Морозенко, И. Г. Магакьян, И. К. Никитин, X. М. Абдуллоев, С. М. Юсуфова ва диг. алоқаманданд. Ҳоло геологҳои сершумори республика ба ҳалли проблемаҳои басо муҳими Минералогия машғуланд, ки Р. Б. Баротов, Т. И. Новикова, Н. А. Блохина, В. В. Могаровский, В. Д. Дӯстматов, А. Р. Файзиев ва дигар аз ҷумлаи онҳоянд.

Ад.: Вернадский В. И., Иаб. соч., т. 2—3, Опыт описательной минералогии, М., 1955—59; Бетехтин А. г.. Курс минералогии, Э изд.. М., 1961; Юсупо­ва С. М., Геология бо элементҳои ми­нералогия ва петрография, Д., 1963; Лазаренко Е. К., Курс мирералогии, 2 ИЗД., М., 1975.

А.Ҳасанов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …