МИНЕРАЛЬНЫЕ ВОДЫ, шаҳрест (то 1920 — посёлка) дар кишвари Ставрополи РСФСР. Дар водии дарёи Кума воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан дар хати Армавир—Прохладная; аз Минеральные воды то Кисловодск хати электронидаи роҳи оҳан (64 км) гузаронида шудааст. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 66 ҳазор нафар (1978). Дар шаҳр корхонаҳои нақлиёти роҳи оҳан, саноати хӯрокворӣ (заводи равған. заводи истеҳсоли желатин, комбинати гӯшт), заводи «Сувенир» ва омӯзишгоҳи мусиқӣ ҳаст.
Tags гуногун
Инчунин кобед
САҚАНКӮР
САҚАНКӮР, нигаред Самандар.