Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЕРАЛҲОИ ҶИНСОФАРИН

МИНЕРАЛҲОИ ҶИНСОФАРИН

mineral-jinsofarМИНЕРАЛҲОИ ҶИНСОФАРИН, минералҳое, ки ҳамчун компонентҳои доимӣ ба таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ дохил мешаванд. Минералҳои ҷинсоварин аз қабили минералҳои ниҳоят паҳншудаи қишри Замин мебошанд. Махсусан силикатҳо, ки 75% қишри Заминро ташкил медиҳанд, аҳамияти калон доранд. Таркиби силикатҳо асосан аз ишатҳои даштӣ ва миқдори ками фельдшлатоидҳо, пироксенҳо, амфиболҳо, оливинҳо, абрак ва ғ. иборат аст. Ҳар як гурӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ Минералҳои ҷинсоварини худро дорад. Чуноичӣ, ба ҷинс­хои кӯҳии магмавӣ кварц, шпатҳои даштӣ. пироксеиҳо, амфиболҳо, абрак, оливин, фельдшлатоидҳо ба ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ кальцит, доломит, ангидрит, минералҳои гилӣ ба ҷинсҳои кӯҳии метасоматозӣ дистен, апдалузит, силлиманит, кордиерит, ставролит, хлорит, серпентин, баъзе намудҳои бечода, волластоянт, глаукофан ва ғ. хосанд. цир­кон, апатит, магнетит, ильменит, сфеп, флюорит, монацит, баъзе ми­нералҳои сульфидӣ ва ғ. Минералҳои ҷинсоварини акцессорӣ ба шумор мераванд.

Минералҳои ҷинсоварини аз ҳама муҳимтарин нағз омӯхта шудаанд; таркиб, структура ва он хосиятҳое, ки барои тақсимоти генетикии массиви ҷинсҳои кӯҳӣ имкон медиҳанд, муайян гардидаанд. Аз рӯи хосиятҳои электрикӣ, магнитӣ, муртӣ, ҳароратӣ, радиоактивии Минералҳои ҷинсоварин хосияти физикии ҷинсҳои кӯҳиро муайян карда метавонанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …