Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНАҶӮЯК

МИНАҶӮЯК

minachuyakМИНАҶӮЯК, 1) асбоби радиоэлектронӣ барои аз дарьё, баҳр ва хушкӣ дарёфткунандаи минаҳо; 2) асбо­би электромагнитӣ барои ошкор кар­дани минаҳои металлӣ. Ингуна Минаҷӯяк аз панҷараи металлии дастадор, бата­рея ва телефони гушмонаки марбутӣ таркиб ёфтааст. Минаҷӯяк минаҳои дар чуқурии 0,5 м замин ва 1 м об бударо муайян мекунад. Минаҷӯяк ҳангоми аз монеаҳои душман гузаштан ва аз минаҳо тоза кардани қитъаҳо ба кор меравад. Минаҷӯяк аввалин бор дар СССР (1936) сохта шудааст. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) Минаҷӯяк ба ҳамаи армияҳои дар ҷанг иштироккарда ҳамчун воситаи асосии муайянкунии майдонҳои минадор хизмат намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …