Маълумоти охирин

МИНА

minaМИНА (франс. mine), 1) лавозимоти ҷангиест, ки онро аз миномётҳо ва тӯпҳои ногаҳони суфтамила мепарронанд. Минаҳои осколкавӣ, осколкавию фугасӣ (расм), фугасӣ (барои маҳви қувваи зинда ва воситаҳои оташфншони душман ё вайронкунии иншоотҳои мудофиавӣ), оташзананда, дудкунанда, равшанкунандаҳо агитационӣ (барои иҷрои вазифаҳои ҳарбии дуюмдараҷа) ва таълимию машқӣ вуҷуд доранд. Дар тӯпҳои ғеҷони суфтамила ба сифати лавозимоти ҷангӣ Минаҳои кумулятивӣ (барои нобудкунии танкҳо) ва пошхӯрандаю фугасиро истифода мебаранд. Минаи омода аз қисмҳои зерин иборат аст: корпус (аз пӯлод ё чунин пӯлоддор) бо заряди тарконанда; зарядҳои борутии ҳаводиҳандаи асосӣ ва иловагӣ тарконак ва стабилизатор. Дар корпуси Мина қисми цилиндрӣ ва дар наҷотҳои стабилизатор барҷастагиҳое мавҷуданд, ки ҳаракати дурусти Минаро дар мила таъмин мекунанд. Стабилиза­тор (аз пӯлод ё алюминий) устувории парвози Минаро таъмин мекунад. 2) Воситаи ҷангӣ барои дар хушкӣ ва дар баҳр барпо кардани монеаҳои таркандае, ки бо мақсади талафот додан ба душман, нигоҳ доштани пешравӣ ва халал расондан барои амалиёти ҳарбии он истифода мешавад. 3) Истилоҳи кӯҳнашуда дар фортификация (илми ҳарбии инженерӣ), ки мафҳуми галереяи минагиро ифода мекард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …