Маълумоти охирин
Главная / Биология / МИМИКРИЯ

МИМИКРИЯ

mimikriyaМИМИКРИЯ (аз юн. mimikos — тақлид), мимезия, ҳамрангшавии (монандшавии) ҳайвонот ва растанӣ бо муҳити зиндагӣ. Дар натиҷаи интихоби табиӣ ба вуҷуд омадааст. Як навъ тарзи ҳимоя аст, ки ҳайвонҳо ба кор мебаранд. Чунончи, ҳайвонҳо тақлидан ба предметҳои муҳит, растаниҳо, инчунин бо ҳайвонҳое, ки даррандаҳо онҳоро намехӯранд (ми­метизм) тағйир меёбанд, мас., рангу шакли тухми лойхӯрак ва баъзе паррандаҳои дигар ба рангу шакли санги майда, ранги баъзе гамбускҳои нӯлдароз бошад, ба ранги саргини паррандаҳо монанд мешаванд. Дар рафти Мимикрия дар ҳайвонҳо тағйироти аз ин ҳам ҷиддитар ба амал омада метавонанд. Мас., ҳайвонҳои безаҳр ба ҳайвонҳои заҳрнок, баъзе пашшаҳо бошанд, ба занбӯр монанд мешаванд. Такомули Мимикрия инчунин бо рафтори ҳай­вонҳо алоқаманд аст. Мимикрия дар растаниҳо барои ҷалб кардани ҳайвонҳои фоиданок ва гурезонидани ҳайвонҳои зарарнок хизмат мекунад. Баръакси ҳайвонҳо Мимикрия на дар тамоми ор­ганизм, балки дар узвҳои алоҳида мушоҳида мешавад. Мас., гулҳои бе нектар ба гулҳои ширадор монанд шуда, ҳашаротро ҷалб менамоянд ва ҳашарот дар ҷустуҷӯи шира ин гулҳоро гардолуд мекунад. Аппарати дорандаи растаниҳои ҳашаротхӯр аксар вақт гули кушодранги зебоӣ дигар растаниҳоро ба хотир меорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …