Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИМАНСА

МИМАНСА

mimansaМИМАНСА (сашжр.— тадқиқот, муҳокима), яке аз шаш системаҳои асосии фалсафаи ҳиндуия, ки бо шарҳу тафсири Ведало машғул аст. Ҳаким Чайминиро (а. 4 то м.—а. 2 м.?) асосгузори Миманса мешуморанд. Ҷиҳати амалии Миманса ҳангоми ба тартиб овардани маросимҳои Веда ва масъалаҳои назариявии он дар ҷараёни танзими матни Ведаҳо, ки манбаи олию мӯътабари дини ҳиндуия до­ниста мешаванд, ташаккул ёфтааст. Мавзӯи асосии Миманса— фалсафаи иҷтимоӣ ва фалсафаи забон аст. Миманса абадӣ ва офаранданашаванда будани Ведаҳоро тасдиқ менамояд. Миманса ақидаи абадияту азалияти оламро эътироф намуда, худоро инкор мекунад. Дар назарияи маърифати Миманса масъалаи асосноккунии ҳаматарафаи дог­матикии ҳаққоният тадқиқ гардида, усулҳои истифодаи далелҳои мӯътабар ба сифати манбаи он таълиф шудааст. Чӣ фалсафаи забон ва чӣ фалсафаи иҷтимоӣ дар заминаи ифротии онтологӣ ташаккул ёфтаанд. Пайравони Миманса дар мантиқ назарияи реалистии муносибатро ба вуҷуд оварданд, ки онро баъдтар низ инкишоф додааст. Миманса дар ташаккули системаи иҷтимоии ҳиндуия роли мусбат бозид.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …