Маълумоти охирин

МИМ

mimМИМ (f), номи ҳарфи 24-уми алифбои арабӣ ва 28-уми алифбои арабиасоси тоҷикӣ. Овозе, ки ин зарф ифода мекард, дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ бо ҳарфи «т» ва аз соли 1940 дар таркиби алифбои русиасоси тоҷикӣ бо ҳарфи «м» ифо­да меёбад. Дар абҷад қимати ададии Мим ба 40 баробар аст. Дар шеъри классикии форс-тоҷик ин ҳарф ба даҳон ва ба кокулони маъшуқа ташбеҳ мешавад. Дар дастхатҳои қадимӣ ҳарфи ( дар охири боб ва ё китоб навишта мешуд, ки он маънои ба итмом расидан, поён ёфтани китобро дошт (аз феъли ар. ).

В. Капранов.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …