Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИЛУОКИ

МИЛУОКИ

miluokiМИЛУОКИ (Milwaukee), шаҳр ва бандарест дар шим. ШМА, дар шт. Висконсин. Аҳолиаш 666 ҳазор нафар бо атрофаш 1,4 млн нафар (1975). Дар соҳили гарбии кӯли Мичиган, дар ҷое, ки ба он дарёи Милуоки мерезад, воқеъ гаштааст. Калонтарин маркази саноатӣ ва тиҷоратии Висконсин ва қисми ғарбии минтақаи чорводории ширии ШМА. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ ва коркарди металл (истеҳсоли дастгоҳ, ва таҷҳизоти оҳангарию пресскунанда, мошинҳои бинокорию роҳсозӣ ва хоҷагии қишлоқ). Заводи ширкати «Аллис-Чалмерс», ки дар шаҳрчаи -Уэст-аллис воқест, яке аз корхонаҳои муҳимтарини мошинсозии умумии ШМА ба шумор меравад. Дар Милуоки инчунин саноати хӯрокворӣ (асосан пивопазӣ), чарму повафзол, трикотаж, полиграфӣ та­раққӣ кардааст. Университет дорад. Шаҳр соли 1818 бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …