Маълумоти охирин

МИЛЬТОН

miltonМИЛЬТОН, Милтон (Milton) Ҷон (9.12.1608, Лондон — 8/11.1674, ҳамон ҷо), шоир, ходими ҷамъиятӣ ва мутафаккири англис. Аз оилаи нотариус. Университети Кембриҷро тамом кардааст (1632). Иштирокчии фаъоли муборизаи сиёсии давраи Револютсияи буржуазии Англия дар асри 17. Солҳои 40—50 ҳамчун публицисти намоён памфлетҳо навишта, ба муқобили сиёсати иртиҷоии цензура баромада («Ареопагитика», 1644), қатли шоҳи золим — Карл и I-ро асоснок донистааст («Мудофиаи халқи англис» 1650; «Мудофиаи дигари халқи анг­лис, 1654 ва ғ.). Дар достонҳои ӯ «Биҳишти гумшуда» (1667) ва «Биҳишти баргашта» (1674), ки ба мавзӯи Таврот оиданд, муборизаи қаҳрамононаи халқ бар зидди истибдод инъикос ёфтааст. Милтон муаллифи «Таърихи Британия» (1670), «Таърихи мухтасари Москва» (1682) аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …