Маълумоти охирин

МИЛТИҚ

miltikМИЛТИҚ аслиҳаи оташфишонест, ки дар шикор ва кори ҳарбӣ истифода мешавад. Дар асри 12 арабҳо ихтироъ кардаанд. Дар аввал Милтиқ аз милан ба дастаи чӯбӣ шинондашудае иборат буд. Милтиқҳои қадимаро бо пилта оташ медоданд (аз ин рӯ, онҳоро халқ Милтиқҳои пилтагӣ меномнд). Асри 14 дар Европа Милтиқҳои суфта-мила ба вуҷуд омаданд (вазнашон то 70 кг). Дар асри 16 дар Испания Милтиқҳои мукаммалтар — мушкетҳо пайдо шуданд (вазнашон 8—10 кг). Бо мушкет аз масофаи 200 қадам ба нишон расидан мумкин буд. Дар а-ҳои 17—18 Милтиқҳои раҳпечмила сохта шуданд, ки дар асри 19 ҷои Милтиқҳои суфтамиларо пурра гирифтанд. (Милтиқҳои суфтамила фақат чун Милтиқҳои шикорӣ боқӣ монданд). Mилтиқҳoи рахпечмила (винтовка) ба тир ҳаракати чархзананда дода, онро дур. парвоз ва нишонрас могардонад. Бо ихтирои олати зарбаи (боёк), пис­тон, патрони металлӣ ва ташкили усули тирҷойкунӣ суръати тирандозии Милтиқ хеле баланд шуд ва то нимаи асри 19 аксари армияҳо бо Милтиқи рахпеч­мила мусаллаҳ гардиданд. Намунаи Милтиқе, ки аслиҳасози рус С. И. Мосин соли 1891 сохт, дар ҷангҳои якуми ҷаҳонӣ ва гражданӣ васеъ истифода шудааст. Ин М. соли 1930 такмил дода шуд ва Милтиқи 7,66 ммаи намунаи солҳои 1891—1930 ном гирифт. Милтиқи мазкур чунин сифатҳо дорад: зудии тирпарронӣ дақиқае 10—12 маротиба; дурии нишонгирӣ ва парвози тир 2000 м; нишонрасии бехато 400 м; вазнаш 4 кг (бо найазаш 4,5 кг). Агар ба ин гуна Милтиқ нишонгираки оптикӣ гузошта шалад, он гоҳ ду­рии нишонрасии бехато то 800 м мерасад.

То асри 17 Милтиқҳои шикорӣ ва Милтиқҳои ҷангӣ аз ҳам фарқе надоштанд. Ба сохтани Милтиқҳои махсуси якмила аз думилаи нисбатан сабуки шикори аз асри 17 шурӯъ намуданд. Милтиқҳои шикории ҳозира се навъанд: суфтамила, рахпечмила ва тиряю сочмагӣ. Ғайр аз ин, Милтиқҳо аз рӯи таъиноташон ба Милтиқҳои шикорӣ, спортӣ, шикори касбӣ ва тирпарронӣ тақсим мешаванд. Дар Иттифоқи Советӣ намудҳои гуногуни Милтиқҳоро асосан заводи Тула истеҳсол мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …