Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИЛЛИОНЩИКОВ

МИЛЛИОНЩИКОВ

millionshikivМИЛЛИОНЩИКОВ Михаил Дмит­риевич (16. 1. 1913, Грозный —27. 5. 1973, Москва), олими советӣ ва ходи­ми ҷамъияти, мутахассиси механи­ка ва физикаи ама­лӣ, акад. АФ СССР (1962; аъзо-корр. 1953), ноиб-президенти АФ СССР (аз 1962), Қаҳpaмони Меҳнати Социалистӣ (1967). Аъзон КПСС аз соли 1947. Институти нефти Грозныйро хатм намуд (1932). Дар Институти авиационии Москва (1934—43) ва Институти инжене­рии физикии Москва (проф. аз 1949) дарс гуфт. Солҳои 1944—49 дар Инсттути механикаи АФ СССР, баъд дар Институти энергияи атом кор кард (ҷонишини директор аз 1900), Корҳои илмии Миллионщиков асосан ба назарияи турбулентият, филтрация ва газодинамикаи амалӣ оиданд. Масъалаи хомӯшшавии турбулентияти изотропиро ҳал кард. Усули нави истифодабарии қабатҳои нафтро пешниҳод. Эжекторҳои газӣ ва роҳҳои татбиқи онҳоро тадқиқ намуд. Миллионщиков муаллифи як қатор асарҳои муҳим оид ба эноргетикаи ядроӣ мебошад. Раиси Совети Олии РСФСР (даъватҳои 7—8). Раиси Совети таҳририяву нашрияи АФ СССР (аз 1906). Аъзои Сарредакцияи БСЭ (аз 1967). Раиси комитети Советӣ оид ба ҳаракати пагуошии олимон (аз 1964). Аъзои фахрии АФ ва санъатҳои Америка (1908—73), аъзои хориҷии АФ Германия дар Берлин (аз 1971). Лауреати Мукофотҳои давлатӣ (1951, 1954) ва ленинӣ (1961). Бо 5 ордени Ленин ва диг. орде­ну медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …