Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛЛЕР Всеволод Фёдорович

МИЛЛЕР Всеволод Фёдорович

millerМИЛЛЕР Всеволод Фёдорович (19. 4. 1848, Москва—18. И. 1913, Петербург, дар Москва дафн шудааст), филологи рус, фольклоршинос, за­ботливое, этнограф ва археолог, акад. АФ Петербург (аз соли 1911). Университетти Москваро хатм кардааст (1870), проф. (аз 1884). Раиси шӯъ­баи этнографияи Ҷамъияти дӯстдорони табиатшиносӣ, антропология ва этнография (1881), яке аз асосгузорони ж. «Этнографическое обоз­рение» (1889—1916), директори Ин­ститути забонҳои шарқии Лазарев (1897— 1911). Дар Университети Москва забонҳои санскрит, форсии қадим, маҳалли забоншиносии муқоисавӣ, таърихи забон ва адабиёти қадими русро дарс медод. Чун забоншинос диққати ӯро бештар омӯзиши муқоисавии забонҳои ҳиндуевропоӣ, хусусан за­бони осетинӣ ба худ ҷалб кардааст. Дар асарҳои Миллер тақдири таърихии забони осетинӣ, мавқеи он дар бай­ни забонҳои дигари эронӣ, шеваҳои ин забон тадқиқ шудаанд. Миллер дар фольклоршиносӣ сарвари мактаби таърихӣ буд. Миллер дар нахустин асарҳои фольклоршиносии худ ақидаи дар Шарқ пайдо шудани достонҳои қаҳрамонӣ ва таъсири ривояту дос­тонҳои эрониро ба эпоси русӣ эътироф кардааст. Ақидаҳои Миллер, хусусан инкори қимати бадеии достонҳои қаҳрамонӣ, ба табақаи ашрофон нисбат додани онҳо ва ғ. мавриди танқиди донишмандони ин соҳа қарор гирифтаанд.

«ОС; Осетинские этюды, ҷ. 1—3, М., 188!—87; Экскурсы в область русского вводного эпъса, М., 1892; Очерки русвародной словесности, т. 1—3, М., 1897—1924.

Ад.: Абаев В. И., Осетинский язык в фольклор, т. 1, М.—Л., 1949.

Х.Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …