Маълумоти охирин

МИЛЛАТ

millatМИЛЛАТ (ар. —уммат, қабила, халқ), шакли олии умумияти таърихию этникии одамон аст, ки дар асоси умумияти ҳаёти иқтисодӣ, Умумияти забон, территория, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психо­логия ташаккул меёбад. Назарияи ҳақиқатан илмии Миллатро аввалин бор марксизм-ленинизм офарида, фарқияти куллии онро аз нажод, қабила ва халқият нишон дод (ниг. Ленин В. И., Ас., ҷ 1, саҳ- 163—164). Асосгузорони коммунизми илмӣ Миллатро категорияи таърихӣ донистаанд. Онҳо қонунияти пайдоиши Миллатро дар замони капитализм аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуда, онро «маҳсули ногузир ва шакли ногузири давраи бур­жуазии тараққиёти ҷамъиятӣ» мешуморанд. (Ленин В. И., Ас., ҷ 21, саҳ. 63). Дар рафти ташаккули Миллат умуми­яти ҳаёти иқтисодӣ ҳамчун асоси моддӣ ва шарти зарурии пайдоиши хосиятҳои дигари он роли ҳалкунанда мебозад. Умумияти ҳаёти иқтисодӣ меъёри асосии фарқияти куллии Миллатҳо мебошад. Мас., асоси ҳаёти иқтисодии Миллатҳои капиталистиро моликияти хусусӣ, асоси ҳаёти иқтисодии Миллатҳои социалистиро бошад, моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил медиҳад. Дар ташаккули Миллат аломатҳои дигари он низ роли калон мебозанд. Танҳо забоне нишонаи Миллат буда метавонад, ки таркиби луғавии худро аз ҳисоби лаҳҷаҳои гуногун бой намуда, ба манфиати ҷамъиятии халқ хизмат карда тавонад. Миллатро бе территорияи ягона низ тасаввур намудан маҳол аст. Он яке аз омилҳои муҳими табиию гео­графии ба вуҷуд омадани умумияти этникии Миллатҳо мебошад. Ин омилҳо боиси ташаккули ҳаёти маънавии Миллат— шууру психология, характеру анъанаҳои миллӣ ва дар як миллати муайян муттаҳидшавии одамонанд. Дар ҷамъияти антагонистӣ умумияти миллӣ зиддиятҳои дохилӣ (синфӣ)-и Миллатро истисно намекунад. Дар дохили ҳар як Миллати буржуазӣ ду миллат — Миллати синфҳои истисморкунанда ва Миллати синфҳои истисморшаванда ва вобаста ба ин дар дохили ҳар як маданияти миллӣ ду маданият мавҷуд аст (Ленин В. И., Ас., ҷ- 20, саҳ- 8—9). Миллатҳои социалистӣ бар хилофи Миллатҳои буржуазӣ аз зулмуистисмори синфӣ, зиддиятҳои дохилӣ озод буда, иттифоқи синфи коргару деҳқон асоси боэътимоди инкишофи онҳо мебошад. Партияи Коммунистӣ, ки бо таълимоти марксизм-ленинизм мусаллаҳ аст, қувваи пешбарандаи онҳо мебошад. Дар ташаккули Миллат ро­ли давлати миллӣ низ калон аст. Давлат умумияти ҳаёти иқтисодии Миллатҳоро устувор гардонда, фаъолияти сиёсии онҳоро дар ҳаёти ҷамъият баланд мебардорад. Пайдоиши Миллатҳои гуно­гун бо шароитҳои конкретию таъри­хӣ, муборизаи миллии озодихоҳӣ ва бунёди давлатҳои миллӣ алоқаманд аст. Аммо Миллат дар сурати набудани давлати миллӣ ҳам ташаккул меёбад. Мас., дар замони ҳокимияти подшоҳӣ ба халқҳои украин, бело­рус, гурҷӣ ва арман ҳамин қонуният хос буд. Барои ба Миллатҳои комил табдил ёфтани халқҳои Осиёи Миёна бошад, як қатор заминаҳо — уму­мияти каму беши иқтисодӣ, территориявӣ ва забонӣ вуҷуд доштанд. Ле­кин мустамликадорони подшоҳӣ ва Ҳокимони маҳаллӣ бо роҳи боздоштани инкишофи ҳаёти иқтисодию маънавӣ ва дар байни ин халқҳо афрӯхтани оташи адовату душманӣ ба тараққиёти мӯътадили ҳаёти миллии онҳо халал расониданд.

Ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь зулми чандинасраи миллӣ, иҷтимоӣ ва хусумату душмании халқҳои мазлумро абадӣ нест карда, барои истиқлолияти ҳақиқии онҳо роҳ кушод. Дар натиҷаи дигаргуниҳои кул­лии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маънавие, ки халқи советӣ бо роҳбарии Партияи Коммунистӣ ба амал овард, Миллатҳои сифатан нави типи со­циалистӣ ташаккул ёфтанд. Дар рафти табдили Миллатҳои капиталистӣ ба Миллатҳои социалистӣ аломатҳои асосии онҳо мазмуну мундариҷаи сифатан наве пайдо мекунанд, ки ба талаботу манфиати халқҳо мувофиқанд.

Процесси ташаккули Миллатҳое, ки роҳи ғайрикапиталистии тараққиётро тай кардаанд, дар баробари қонуниятҳои умумӣ боз як қатор қонуниятҳои хусусӣ низ доранд. Дараҷаи пасти инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибатҳои истеҳсолӣ, муташаккилӣ, шуурнокии омма ва шиддати муборизаи синфӣ ва ғ. бо­иси пайдоиши ин хусусиятҳои хос гардидаанд. Миллати тоҷик, мисли як қатор халқҳои дигари дар гузашта қафомонда, дар асоси ёрии ҳаматарафаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии халқҳои ватанамон, пеш аз ҳама халқи рус ташаккул ёфтааст. Дар давраи сохтмони социализм мафҳуми «умумияти ҳаёти иқтисодии Миллатҳо маънои ҳақиқии худро пайдо кард. Терр-ҳои миллӣ аз манбаи ҷангу ҷидол ва маҳдудияти халқҳо ба арсаи дӯстию бародарӣ ва ҳамкорию ёрии байниҳамдигарии онҳо табдил ёфт. Дар рафти сохтмони коммунизм ҳудудҳои миллӣ аҳамияти пешинаи худро гум хоҳад кард. Ба амал овардани рев. маданӣ ва ғалабаи идеологияи марксистӣ-ленинӣ маданияти шаклан миллию мазмунан социалистон Миллатҳо, ҷаҳонбинии марксистии онҳоро ба вуҷуд овард. Дар СССР аввалин бор дар таърихи инсоният ягонагии ҳаёти иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва идеологии Миллатҳои гуногун ба амал омад. Инкишо­фи минбаъдаи он ҳаёти маънавии онҳоро беш аз пеш интервационалӣ мегардонад. Ин тамоюл на танҳо қисми таркибии қонунияти интернационаликунонии ҳаёти моддӣ ва маънавии миллатҳо, балки заминаи объективии тараққиёти Миллатҳои социалистӣ, ба ҳам наздикшавӣ ва ниҳоят ваҳдати онҳо низ мебошад. Сохтмони коммунизм мубодилоти моддию маънавӣ, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият алоқамандии Миллатҳои социалистиро пурзӯр намуда, маҳдудияти миллиро барҳам медиҳад. Дар мамлакати мо умумияти нави таърихи—халқи советӣ ташаккул ёфт. Ин на умумияти нави миллӣ, балки умумияти нави нҷтимоию инторнационалӣ ва таърихиест, ки са­баби ба ҷамъияти бесинф гузаштани Миллат мегардад. Ҳоло дар мамлакати советӣ процесси бо ин ё он Миллат якшавии гурӯҳҳои хурди этникӣ, халқҳхои майда ва одамони алоҳида давом дорад. Инкишофи босуръати минбаъдаи ин қонуният ба рафти объективии сохтмони коммунизм вобаста аст. Марксизм-ленинизм таълим медиҳад, ки танҳо дар сура­ти ғалабаи пурраи коммунизм ваҳдати ҳарҷонибаи Миллатҳо имконпазир аст.

Миллати коммунистӣ дараҷаи олитарини умумияти инсонӣ буда, мафҳумҳои «миллат» ва «синф»-ро истисно менамояд.

Ад.: Маркс К. ва Энгельс Ф., Манифест» Партин и Коммунистй, Ас. мун., ҷ. 1, Д., 1963; Маркс К. и Эн­гельс Ф., Дебаты по польсному вопросу в Франкфурте, Соч., т. 5; ҳамон муалл., О разложение феодализма и возникновении-национальных государств, Соч., т. 21;«Г. Ленин В. И., «Дӯстони халқ чист ва онҳо ба муқобили социал- демонратҳо чӣ тавр меҷанганд? Ас., ҷ. 1; ҳамон муалл., Мулоҳизаҳои танқидӣ оид ба масъалаи миллӣ. Ас., ҷ. 20; Багоутдинов А. М., К вопросу о консолидации таджикской нации, Сталинабад, 1957; Собиров К., Таджик­ская социалистическая нация — детище Октября, Д., 1967; Сужиков М., Со­циально-экономические проблемы национальной консолидации, Алма-Ата, 1968; Калтахчян С. Т., Ленинизм о сущ­ности наций и пути образования интер­национальной общиости людей. М.. 1976; Давлаткадамов X., Социально­классовые основы сближения социалис­тических наций. Д., 1976, ниг. низ ба ад. мад. Масъалаи миллӣ ва Миллатчигӣ.

С. Ҷононов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …