Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИЛИЦИЯ

МИЛИЦИЯ

miliciyaМИЛИЦИЯ (аз лот. militia —қӯшун), дар СССР органи муҳофизати тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ. Милиция ба иҷрои қонуну қарорҳои органҳои маҳаллӣ доир ба тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда, бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебарад, моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бехатарию моликияти гражданҳоро ҳифз, ба бехатарии ҳаракати нақли­ёт, пиёдагардҳо ва ҳолати техникии нақлиёти автомобилӣ назорат менамояд. Яке аз соҳаҳои асосии фаъолияти Милиция ҷорӣ намудани системаи паспортӣ (супурдани паспортҳо, қайд гирифтан ва аз қайд баровардани онҳо, назорат бар риояи режими паспорт), назорати қоидаҳои хариди яроқи оташфишону моддаҳои заҳролуд, нигоҳубину нақли онҳо ва ғ мебошад.

Милиция қисми таркибии системаи Вазорати корҳои дохили СССР, вазоратҳои корҳои дохилии республикаҳои иттифоқию автономист. Вазири корҳои дохилии СССР ба тамоми қисмҳои Милиция роҳбарӣ менамояд; вазирони корҳои дохилии республикаҳои итифоқию автономӣ, сардорони Управленияҳои корҳои дохилии комитетҳои иҷроияи Советҳои маҳаллӣ дар як вақт сардори Милицияи республикавӣ, кишварӣ, вилоятӣ, округу шаҳрӣ ва районӣ мебошанд. Милиция функцияҳои худро дар ҳайати органҳои корҳои дохилии маҳаллӣ иҷро менамоянд, ҳам ба органи болоии корҳои дохилӣ ва ҳам ба Совети депутатҳои халқ итоат мекунанд. Ҳайати Милиция ихтиёран ташкил мешавад. Милиция алоқаро бо омма мустаҳкам карда, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дружинаҳои халқӣ ва ғ. такья менамояд. Шакли бештар маъмули иштироки аҳолӣ дар кори Милиция дружинаи халқист.

Милиция дар фаъолияти худ принципҳои қонунияти социалистӣ, қонунҳои СССР, республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ, қарорҳо ва фармонҳои органҳои олӣ ва маҳаллии иҷроия — фармондиҳандаи ҳокимияти давлатиро ба роҳбарӣ мегирад. Милиция бо ди­гар органҳои давлатӣ, бо маъмурияти корхонаю муассисаҳо ва оммаи меҳнаткашон алоқаи зич дорад.

Аввалин отрядҳои Милиция барои мубориза бо мутлақияти подшоҳӣ дар давраи Револютсияи 1906—07 ва 1917 ташкил шуда буданд. Милиция ҳамчун органи расмӣ 10 ноябри 1917 таъсис ёфтааст. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь Милицияи коргару деҳқон дар мам­лакат тартиботи революционӣ ва сарҳади Республикаи Советиро муҳофизат намуд. Он то соли 1931 тобеи Советҳои маҳаллӣ буд ва баъд ба ҳайати Комиссариати халқии (аз 1946 вазорат) корҳои дохилӣ (КХКД) дохил карда шуд. Асосҳои ташкилӣ ва фаъолияти Милицияро Укази Пре­зидиуми Совоети Олии СССР аз 8 июли 1973 «Оид ба вазифа ва ҳуқуқҳои асосии милицияи советӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ» муайян менамояд. Намуди либоси расмии кормандони Милицияро Совети Вазирони СССР тасдиқ мекунад. Ҳангоми адои хизмат ба кормандони Милиция яроқ дода мешавад. Онҳо ҳақ доранд дар зарурат яроқро ба кор баранд (асос ва тартиби истифодаи яроқро Совети Вазирони СССР муайян мекунад). Барои кормандони Милиция (барои онҳое, ки дар мубориза бо ҷинояткорӣ хизмати шоиста мекунанд) медалҳои «Барои хизмати аъло дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ», «Барои хизмати бенуқсон» (дараҷаҳои 1, 2, 3) ва нишони сарисинагии «Корманди Хизматнишондодаи ВКД-ии СССР», Аълочии милицияи советӣ таъсис карда шудаанд. Дар РСС Тоҷикистон Милиция 6 Феврали 1925 дар ҳайати КХКД (аз 1946 Вазорати корҳои дохилӣ) ташкил гардидааст. Саҳми Милицияи халқӣ дар барқарору мустаҳкам кардан ва ҳифзи Ҳокимияти Советӣ дар РСС Тоҷикистон бузург аст. Милицияи Тоҷикистон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ хизмати шоиста дорад. Ҳоло аксарияти корман­дони Милиция маълумоти олию миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ доранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …