Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИЛИТАРИЗМ

МИЛИТАРИЗМ

militarizmМИЛИТАРИЗМ (франс. militaris- me, аз лот. militaris — ҳарбӣ), ба маънои васеаш — сиёсати афзудани иқдидори ҳарбии давлати истисморгар бо мақсади гузаронидани сиёса­ти ҷанги истилогарона ва фурӯ нишондани муқобилати оммаи меҳнаткашон дар дохили мамлакат. Милитаризм зуҳуроти доимии моҳияти ҷамъияти антагонист буда, ҳамчун системаи иқтисодиёт, сиёсат ва идеологияи давраи капитализм ташаккул ёфтааст. «Милитаризми ҳозира… ҳамчун қувваи ҳарбии аз тарафи давлатҳои капиталистӣ дар вақти задухӯрдҳои беруни онҳо истифодашаванда… ва ҳамчун яроқи дар дасти синфҳои ҳукмрон барои фурӯ нишондани ҳар навъ ҳаракатҳои (иқтисодӣ ва сиёсии) пролетариат хизматкунанда зуҳуроти ҳаётии» капитализм мебо­шад» (Ленин В. И.; Ас., ҷ. 15, с. 189). Милитаризм хусусан дар давраи империализм, ки қонуни нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои ка­питалистӣ боиси қувватгирии зиддияти байни онҳо гардид, хеле инкишоф ёфт. Милитаризм дар инкишофи босуръати ҳарбикунонии иқтисодиёт, хароҷоти беандозаи ҳарбӣ, афзоиши қувваҳои мусаллаҳ яроқиокшавии бошитоб, баландшавии мақоми доираҳои ҳарбӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатҳои капиталистӣ зоҳир мегардад.

Сиёсати берунии милитаристии давлатҳои империалист боиси ду ҷанги ҷаҳонӣ ва бештар аз 250 ҷанги байни давлатҳои алоҳида гардид, ки дар онҳо бештар аз 90 млн одам ҳалок шудааст. Ҳарчи умумии ин ҷангҳо (якҷоя бо ҳарчи тайёр кар­дани онҳо) 5 триллион долларро ташкил медиҳад. Ба инкишофи Милитаризм бунёди комплексҳои ҳарбию саноатй мусоидат мекунад. Дар ШМА, ки милитаризация шакли басо хатарнокро гирифтааст, хозир армияи америкоӣ 2 млн 50 ҳазор солдату офи­цер, 1054 ракетаи балистикии байниқитъавӣ дорад, 656 ракетанӣ балистикй аз киштиҳои зериобӣ cap дода ме­шаванд. Захираи яроқи ядрои ба 7301 пайкон мерасад. 338 самолёти бомбаандози доираи амалиёташон васеъ, 11759 танк, 173 киштии ҳарбии рубоӣ, 80 киштии зериобӣ, 3700 са­молёти ҳарбӣ дорад.

Дар давоми солҳои 1970/71—1980/81 хароҷоти ҳарбии Англия 4,5 мароти­ба, яъне аз 2,5 то 11 млрд фунт стер­линг афзуд. Барои яроқу аслиҳа қисми зиёди хароҷоти ҳарбӣ (40%) сарф мешавад. Солҳои 70-ум ин хароҷот 5,2 маротиба афзуда, аз 836 млн ба 4336 млн фунт стерлинг расид.

Дар даҳсолаҳои охир хароҷоти ҳар­бии РФГ хеле афзуд. Агар соли 1970-ум 25,8 млрд бошад, соли 1980 ба 60 млрд расид.

Дар бист соли охир хароҷоти ҳар­бии Япония 13 маротиба ва дар даҳсолаи охир 4 маротиба афзуд. Дар давраи империализм Милитаризм вазифаи танзимкунандаи вазъи иқтисодиёти империалистиро ба ҷо меорад: ба гуншавии капитали ҳарбӣ, ташкили бозори давлатии яроқ; ва бойшавии монополияҳои ҳарбию саноатӣ кӯмак мекунад. Фоидаисофи монополияҳои ШМА дар зарфи 6 соли ҷанги ШМА дар Вьетнам (1966—71) 28,57 млрд долларро ташкил дод. Ин­кишофи Милитаризм ногузир боиси афзудани бекурбшавии пул, қарзҳои давлатӣ, киматӣ, кам шудани ҳарчи давлатӣ барои маориф, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ мегардад. Сиёсати Милитаризм дар идсологияи шовинизм, миллатчигӣ, нажодпарастӣ ва антикоммунизм зоҳир мешавад.

Милитаризми ҳозираро буржуазияи моно­полист дар арсаи байналхалқӣ, пеш аз ҳама дар муборизаи зидди ҷаҳони социалистӣ ва ҳаракати миллию озодихоҳии халӯқҳо истифода менамояд. Аз тарафи дигар, Милитаризм аслиҳаи ҳукмфармои синфҳои истисморгар бар меҳнаткашон (бо зӯрӣ) дар мамлакатҳои капиталистист. Армия аз соли 1900 то 1960 бештар аз 500 маротиба, солҳои 1964—72 бештар аз 200 маротиба дар пахш кардани ҳаракатҳои оммавии меҳнаткашон иштирок намуд. Дар давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сиёсати берунии милитаристии империалистон аз антисоветизм, муборизаи зидди мамлакатҳои социалитӣ, инчунин навмустамликадорӣ иборат аст. Бо мақсади ба амал баровардани ин сиёсат блокҳои гаҷокори ҳарбию сиёсии НАТО СЕАТО CEHTO, АНЗЮС ва ғ. ташкил карда шуданд. Сиёсати милитаристии империализм хусусан дар ҷанги ШМ; I дар Вьетнам, Камбоҷа ва Лаос, инчунин дар моҷарои ҳарбии Исроил дар Шарқи Наздик равшан аён гардид. Вазифаи муқаддаси ҳамаи давлатҳои сулҳдӯст, ҳамаи халқҳои ҷаҳон қайд шудааст дар қарорҳои съезди 24, 25, 26-уми КПСС, аз он иборат. аст, ки ба ҷанги нави ҷаҳонӣ роҳ надиҳанд. СССР ва диг. мамлакатҳои социалистӣ, партияҳои коммунист коргарӣ, инчунин тарафдорони сулҳи тамоми ҷаҳон ба муқобили Милитаризм фаъолона мубориза бурда, ба яроқпартоии умумӣ, ҳамзистии осоишта даъват ва сиёсати ленинии сулҳро ҳифз менамоянд.

Ад.: Энгельс Ф.. Анти-Дюринг. Д, . 1975; ҳамон муалл., Имперские военный закон, Маркс К. и Энгельс Фп Соч., т. 18; Ленин В. И., Милнтаризми ҷангҷӯ ва тактикаи зиддимилитаристии социал-демократия. Ас., ч. 15; Программен КПСС, Д., 1974; Материалҳои съездҳои 25, 26 КПСС, Д., 1976—81; Международное совещание коммунистических и рабочих партий, М., 1969; Ско­пин В. И.. Милитаризм. Историчеснме очерки, М. ,1957; Бернал Джм Мир без войны, пер. с англ. М., 1960; Перло В., Милитаризм и промышленность, пер. с англ., М., 1963; Миголатьев А., Милитаризм — угроза безопасности на­родов, «Международная жизнь», 1979.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …