Маълумоти охирин

МИЛЕВ Йордан

milevМИЛЕВ Йордан (таваллуд 15. 1. 1933, деҳаи Алтимири округа Врачанек), нависанда ва тарҷумони булғор. Унститути «Климент Охридски»-и Софияро хатм намудааст. Солҳои зиёде алманахи «Друж­ба» («Дӯстӣ»)-ро таҳрир мекард.

ҳоло сармуҳаррири нашриёти «На­родная младеж».

Муаллифи маҷмӯаҳои «Меҳри рангин» (1964), «Рақси оташ», «Қисмат» (ҳар ду 1967), «Монанди ангуштарини Кайвон», «Достони Шарқ» (ҳар ду 1968), «Зан дар болои теппа» (1971), «Одамон ва биёбон» (1973), «Имрӯзу фардо» (1975). Милев бо нашри нахустин таълифоташ машҳур гардид. Тарҷумони низ дар эҷодиёти ӯ мавқеи хос до­рад. Ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ Хайём, Низомӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва намунаҳои эҷодиёти М. Турсунзода, Лоиқ ва диг. шоирони тоҷикро ба забони булғорӣ тарҷума кардааст. Ба маҷмӯаи ашъори шоирони булғор, ки бо унвони «Соҳили заррин» (1978) ба тоҷикӣ нашр шуд, сарсухан навиштааст. Лауреати Мукофоти комсомоли димитрови. Бисьёр шеърҳои Милев ба забонҳои халқҳои СССР, аз он ҷумла ба тоҷи­кӣ тарҷума гардидаанд. Милев шаҳру районҳои Тоҷикистонро саёҳат намуда, як силсила очеркҳо навишта­аст, ки бо унвони «Диёри домани гардун» соли 1979 ба забонн тоҷикӣ чоп шуд. Барои хизматҳояш дар тарҷу­ма ва тарғиби адабиёти тоҷик дар Булғория бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии PСC Тоҷикистон му­кофотонида Шудааст.

П. Турсунзода.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …