Маълумоти охирин

МИЛЕТ

miletМИЛЕТ (юн. Miletos), шаҳри қадим дар Пония, дар қисми ғарбии Осиёи Хурд. Юнониҳо ба Милет бори нахуст аввали асри 16 то м. омадаанд. Милет дар асри 14 шаҳри калонтарини ахейҳо буд. Асрҳои 8—6 то м. полис (шаҳр- давлат) маркази савдо, ҳунармандӣ ва мадании давраи атиқа ба шумор мерафт. Милет чиёнан асри 6 зери тасарруфи форсҳо монд, тақрибан соли 500 то м. маркази шӯриши шаҳрҳои Иония ба муқобили ҳукмронии форсҳо гардид; соли 494 то м., баъди пахши шӯриш, аз тарафи форсҳо ба хароба табдил до­да шуд ва соли 479 то м. аз нав барқ рор гардид. Искандари Мақдунӣ соли 334 то милод Милетро истило кард. Милет дар давраи эллинӣ маркази савдо буда, дар ҳаёти маданӣ роли калон мебозид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …