Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛАН

МИЛАН

milanМИЛАН (Milano), шаҳрест дар шимоли Италия, маркази маъмурии вил. Ломбардия ва музофоти Милан. Калонтарин маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Аҳолиаш 1,7 млн, бо атрофаш 4 млн нафар (1976). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Каналҳои киштигард Миланро бо д. По пайвастаанд. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Соҳаҳои асосии савоаташ: мошинсозии гуногунсоҳа (самолёту мотор, автомобилу трак­тор ва дастгоҳҳо, истеҳсоли мото­цикл, велосипед, таҷҳизоти роҳи оҳан, Турбинаҳо, инчунин мошинсозии соҳаҳои злектротехникаю радиоэлектроника) ва саноати ҳарбӣ. Саноати истеҳсоли маҳсулоти нефт, химия, резин, металлургия (махсусан истеҳсоли пулодҳои хушсифат), бофандагӣ, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, шиша, полиграфия тараққӣ кардааст. Дар Милан якчанд мактаби олӣ (университет, институти политехникӣ, университетҳои католикӣ ва савдо, консерватория, академияи саноеъи нафиса ва диг.) ва муассисаҳои илмӣ, китобхонаҳо, театри операи «Ла Скала» ва диг. театрод музейҳо, нигористони суратҳо мавҷуданд. Намунаи иморатҳои Рими Қадим, ёдгории а-ҳои 4 ва 9—13 (калисои Сан-Лоренцо Мачоре, Сант-Амброчо, Сант- Эусторчо ва ғ.) ва давраи Эҳё (Па­лаццо делла Районе, калисои ҷомеи готӣ, Кастелло Сфорцеско, Палаццо Марино ва ғ.) боқӣ мондаанд. Аз иморатҳои асри 20 бинои Рустичи, унститути тиҷоратӣ, павильонҳои намоишгоҳи Милан, Торре Be ласкай осмонбус ва ғ. ҷолиби диққатанд.

Милан охири асри 5 ё аввали асри 4 то м. буньёд ёфтааст. Аз соли 196 то м. дар ҳайати Рим (номи римиаш Mediola­num). Асрҳои 11—12 М.— маркази муҳими ҳунармандию савдо. Соли 1162 аз тарафи қӯшунҳои император Фридрихи I Барбарос вайрон карда шуд, вале дере нагузашта аз ҳисоби лигаи Ломбард аз нав барқарор гардид. Аз соли 1535 дар ҳайати Испания.

Соли 1706 шаҳрро Австрия, 1796 қӯшунҳои Наполеон ишғол карданд. Соли 1797 пойтахти республикаи Цизальпин, 1802 — республикаи Италия, 1805 — королии Италия. Солҳои 1815— 59 боз дар ҳайати Австрия. Соли 1861 ба королии Италия ҳамроҳ шуда маркази муҳими ҳаракати коргарӣ гардид. Соли 1882 дар Милан партияи кор­гарӣ ташкил ёфт. Соли 1943 Миланро фашистони немис ишғол намуданд. 26 апрели 1945 шаби озод карда шуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …