Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКСЕДЁМА

МИКСЕДЁМА

miksedemaМИКСЕДЁМА (аз юн. шуха — луоб ва oidema — варам, омос), мухот- варам, варами балғамӣ (луобӣ), бемориест, ки дар натиҷаи но­расоӣ (гипотиреоз) ё аз байғ рафтани функцияи ғадуди сипаршакл ба амал меояд. Микседёма тиреоидӣ ва гипоталамию гипофизӣ мешавад. Микседёмаи тиреондӣ ба таври модарзодӣ, яъне дар натиҷаи нуқсони инкишофи батнимодарӣ, заҳролудиҳои ҳомилагӣ, сироятҳои батнимодарӣ (сифилис, сироятҳои вирусӣ) ва иқтисобӣ — ба сабаби зарбулат ё илтиҳоби ғадуди сипаршакл рӯй дода метавонад. Микседёмаи гиноталамию гипофизӣ ба сабаби иллатнокии зердӯнгии босира ва зоиди майна ҳодис мешавад. Аломатҳои Микседёма варамн мухотин пӯст ва насяи зери пӯст, пӯсти хушкак, сусткорӣ, хоболудӣ, сустии ҳофиза, заифии ҷисмонӣ пастшавии мубодилаи асосӣ, ҳамеша хунукхурӣ, фишорпастӣ, набзи батеъ, бехолии рӯдаҳо (кабзият) ва ғ. Дар бачагӣ—паканагӣ, суст инкишоф ёфтани устухон, дер баромадани дандонҳо, шиканандагии (муртшавии) нохунҳо, носозии рӯҳия.

Муолиҷа: истеъмоли доимии до­руҳои тиреондин ва трийодтиронин.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …