Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКРОСПОРИЯ

МИКРОСПОРИЯ

mikrosporiyaМИКРОСПОРИЯ (аз микро… ва юн. sporа — тухм, кишт), касалии занбурӯғии одам ва ҳайвонотро гӯянд, ки ба гурӯҳи трихомикозҳо (ниг. Дерматомикоазҳо) мансуб буда, онро асосан микроспорони занга ва микроспорони пашмак ба вуҷуд меоранд.

Микроспорияи одам. Ба шахси солим аз ҳайвон ё одами касал мегузарад. Асосан бачагон гирифтор мешаванд. Қисми мӯйдори cap, зору, мӯйлаб, манаҳ зарар дида, мӯй мурт ва дар ҷои сироятёфта доғҳои сурхча пайдо мегарданд. Микроспория дер давом карда, дар давраи балоғати ҷинсӣ худ аз худ барҳам мехӯрад. Муолиҷа: исти­фодаи антибиотики гривеофулвин; та бобати пӯсти осебёфта бо доруҳои Йод ва сулфурдор; тарошидани мӯй.

Микроспорияи ҳайвонот. Ба он гурба, саг, ҳайвоноти дарранда, асп, хук, маймун, хояндаҳо ва ғ. гирифтор ме­шаванд. Манбаи асосии барангезанда ҳайвони касал мебошад. Барангезанда ба организми солим ба воси­таи ҷароҳати пӯст дохил мешавад. Рехтани мӯй, шахшулии пӯсти ба­дан ё илтиҳоби пӯст аломатҳои асо­сии Микроспория ҳисоб меёбанд. Аз касалӣ одатан cap, хусусаи буни гӯш, болои чашм, лаби поён ва инчунин гардан, пойҳои пеш, бадан, думғоза осеб мебинад. Дар ҷои иллатноки бадан доғҳои мудаввар ё байзашакли карахш ё пулакчанок ҳосил шуда, пӯст ғафс мегардад, мӯй мурт мешавад ва мерезад. Пиёзаки мӯй аз ҷамъ шудани спораҳои занбурӯғ ғафс мегардад. Занбурӯғ бо пулакча ва карахшҳо ба хок, фарши хона, девор ва ғ. афтнда, дер гоҳ зинда мемонад.

Чораҳои мубориза: бо тезӣ ошкор намудани касалӣ (бо ёрии таҳлили люмшюсцоитӣ) ва изоляцияи ҳайвонҳои касал. Муолиҷа: андешидани тадбирҳои қатъии ве­теринаре, ҳатман маҳв намудани саг ва гурбаҳои бесоҳиб.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …