Маълумоти охирин
Главная / Биология / МИКРООРГАНИЗМҲО

МИКРООРГАНИЗМҲО

mikroorganizmМИКРООРГАНИЗМҲО микробҳо, номи умумии организмҳои майдатарин, ки фақат бо микроскоп дидан мумкин аст. Микроорнанизмҳоро микробиоло­гия меомӯзад. Аз мавҷудияти Микроорнанизмҳо бо­ри аввал олими Рим Марк Варрон (асри 1 то м.) дарак додааст, баёни илмии он бошад, ба табиатшиносӣ голландӣ А. Левенгук (нимаи дуюми асри 17) мансуб аст. Бактерияҳо, занбурӯғҳо, актиномидетҳо, риккетсия, обсабзҳои микроскопӣ, соддатаринҳо ва вирусҳо аз қабили Микроорнанизмҳоанд. Микроорнанизмҳо аз рӯи хусусиятҳои асосиашон (сохт, таркиби химиявӣ, мубодилаи моддаҳо ва энергия, ирсият, тағйирпазирӣ, шаклҳои муносибат бо муҳити атроф) ба растанӣ ва ҳайвонҳои дараҷаи олӣ монанданд, ки ин ягонагии пайдоиши олами органикиро тасдиқ мекунад. Баробари ин Микроорнанизмҳо баъзе ҷиҳатҳои хос доранд, мас., андозаи хурд (аз 10 нм то 200 мкм), содда будани сохти бадан (бештар якҳуҷайраанд), тарзи гуногуни ғизогирӣ ва нафаскашӣ, ки дар натиҷаи ин онҳо моддаҳои гуногун (аз ҷумла синтезӣ)-ро таҷзия намуда, пайвастҳои нави химиявӣ ҳосил мекунандю Микроорнанизмҳо аз ҳолати оромӣ зуд баромадан бо суръат меафзоянд. Онҳо худро ба шароитҳои гуногун зуд мутобиқ карда метавонанд. Микроорнанизмҳо дар тамоми рӯи Замин мавҷуданд. Аз ҷиҳати тарзи зиндагӣ онҳо ду хеланд: Микроорнанизмҳои озод ҳаётгузаронанда ва Микроорнанизмҳои пара­зит. Микроорнанизмҳои озод ҳаётгузарон а н да дар гардиши моддаҳо ( аз нитроген синтез кардани сафеда, менерализацияи боқимондаи ҳайвонот, растаниҳо) иштирок мекунанд; багзеашон қобилияти фотосинтези хемосинтез кардан доранд. Микроорнанизмҳои бa разит ба фаъолияти ҳаёти мӯътадили ғизодеҳ, (симбионт)Микроорнанизмҳоҳо ёрӣ мерасонанд ё боиси бемор шудани онҳо мегарданд. Микроорнанизмҳоро дар хоҷагии халқ (коркарди маҳсулоти хӯрокӣ, истеҳсоли сафедаҳо, аминокислотҳо, ферментҳо), тиб (истеҳсоли антибиотикҳо, витаминҳо, вакцинаҳо) ва ғ. истифода мебаранд.

Ад.: Работвова И. Л., Общая мик­робиология, М., 1966; Шлегель Г., Общая микробиология. М., 1972.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …