Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МИКРОНЕЗИҲО

МИКРОНЕЗИҲО

mikroneziМИКРОНЕЗИҲО, аҳолии аслии Микронезия. Шумораашон зиёда аз 200 ҳазор нафар (1973). Ғайр аз ин, тақрибан 4 ҳазор Микронезиҳо дар Меланезия зиндагонӣ мекунанд. Типи антрополо­гии Микронезиҳо дар натиҷаи омезиши мелапезиҳо, полинезиҳо ва индонезиҳо ташаккул ёфтааст. Ба забонҳои гурӯҳи малай-полинезӣ гап мезананд. Масеҳият (бештар мазҳаби протестантӣ) бо динҳои қадимии маҳал­лӣ омезиш ёфтааст. Машғулияти асосии Микронезиҳо моҳигирӣ ва парвариши дарахтҳои меваҳои, асосан нахли норҷил. Деҳқонӣ ривоҷ наёфтааст.

То омадани мустамликадорон (асри 17) аъёну ашрофи авлодҳо соҳиби замин буданд. Дар баъзе ҷазираҳо муносибатҳои синфӣ ташаккул меёфтанд.

Микронезиҳо аз асри 17 то миёнаи асри 20 дар зери зулми мустамликадорони испанӣ, немис, англис ва япон буда, қариб тамом қир шуданд. Микронезиҳо барои истиқлолияти миллӣ мубориза мебаранд. Соли 1968 ҷазираи Науру давлати мустақил гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …