Главная / Илм / МИКРОИҚЛИМ

МИКРОИҚЛИМ

mikroiklimМИКРОИҚЛИМ (аз микро… ва utf- лим), иқлими қабати ба рӯи замин наздики ҳаво. Микроиқлим тафовути начандон зиёдест дар дохили тутми маҳаллии рӯи Замин. Мас., дар иқлими маҳаллии бешазор Микроиқлими ялангии бешаҳо, қитъаҳои анбӯҳи дарахтон, канори бешаҳо ва ғ., дар иқлими маҳаллии шаҳр Микроиқлими майдонҳо, хиёбонҳо, тангкӯчаҳо, ҳавлиҳо ва ғ. аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз рӯи за­мин ҳар қадар болотар бароем, фарқияти Микроиқлим ҳамон қадар камтар меша­вад Микроиқлим ба обу ҳаво вобастагии зиёде дорад: дар ҳавои софу ором та­фовути ои афзуда, дар давои абрнок ё ҳангоми боду борон кам мешавад. Барои муайян кардаии Микроиқлим обу ҳавои ин ё он маҳалро ҳар сари чанд моҳ мушоҳида намуда, натиҷаҳои онро бо маълумоти стансияҳоиҳои доимамалкунандаи обуҳавосанҷӣ муқоиса меку­нанд. Хусусиятҳои Микроиқлимро ҳангоми ҷобаҷокунӣ ва ба ҷойҳои нав кашонидани зироати хоҷагии қишлоқ мелиорацияи заминҳо, сохтмони биноҳои истиқоматию саноатӣ ва ғ. ба назар гириф­тан зарур аст.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …