Маълумоти охирин
Главная / Техника / МИКРОФОН

МИКРОФОН

mikrofonМИКРОФОН (аэ микро… ва юн. phone — садо), асбоби электроакустикиест, ки лаппишҳои садоиро ба лаппишҳои электрӣ табдил медиҳад. Дар телефония, радиошунавонӣ, телевизион, тақвияти садо ва сабти овоз истифода мешавад. Аз рӯи принципи кор Микрофонҳо ангиштӣ, элек­тродинамикӣ, конденсаторӣ, электретӣ, пьезоэлектрӣ, электромагнитӣ мешаванд. Мас., дар Микрофони ангиш­тӣ мембранаи ангиштӣ бо таъсири мавҷҳои садо лаппида, зичӣ (ва аз ин рӯ муқовимати электрӣ)-и хокаи ангиштро тағйир медиҳад, ки дар капсюла ҷойгир буда, ба мембрана ҷафс аст. Дар натиҷаи ин қувваи ҷараёни аз Микрофон гузаранда низ тағйир меёбад ва ҷараёни пулсациякунанда ба вуҷуд меояд, ки он бо сим ба телефон расида, мембранаи онро му­вофиқан бо лаппиши мембранаи Микрофон мелалпонад (расми 1). Дар Микрофони электродина (Микии ғалтак дор диафрагмае истифода мешавад, ки аз навори тунуки полистиролӣ ё фолгаи алюминий сохта шуда, бо ғалтаки аз сими борик печонидашудае ноҷунбон пайваст мебошад. Он дар роғаи мудаввари ситемаи магнитӣ ҷойгир аст. Ҳангоми бо таъсири мавҷҳои садо лаппидани диафрагма печаҳои ғалтак хатҳои қуввагии магнитиро мебурад ва дар ғалтак КЭҲ-е ангехта мешавад, ки дар навбати худ дар фишоракҳои он шиддати тағйрёбандаеро ба вуҷуд меорад.

Дар Микрофони конденсаторӣ мавҷҳои садоӣ ба мембранаи металлнии тунук таъсир карда, масофаи байни мембрана ва корпуси металлии ноҷунбон (ва аз ин рӯ, ғунҷоиши байни онҳо)-ро, ки чун пластинаи конденсатори электрӣ хизмат меку­над, тағйир медиҳад (расми 2). Ҳангоми ба пластинаҳо наздик овардани шиддати доимӣ тағйири ғунҷоиш боиси аз конденсатор гузаштани ҷараён мегардад, ки қувваи он пайваста ба дигаргуншавии мавҷҳои садо тағйир меёбад.

Микрофони электретӣ аз рӯи принципи кор ва конструкция ба Микрофони конденсаторӣ монанд аст, аммо дар он вазифаи пластинкаи ноҷунбони конденсатор ва манбаи шиддати доимиро пластинкаи аз электрет сохташуда иҷро мекунад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …