Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКРОЭЛЕКТРОНИКА

МИКРОЭЛЕКТРОНИКА

mikroelektronikaМИКРОЭЛЕКТРОНИКА як соҳаи электроника буда, маҷмӯи масъалаҳои сохтусози таҷҳизоти микроминватюрии боэътимод ва сарфанокро дар бар мегирад. Микроэлектроника дар ибтидои солҳои 60 асри 20 дар натиҷаи пай дар пай мураккабшавии вазифаи аппа­рати электронӣ, афзоиши андозаҳо ва зиёд шудани талабот ба эътимоднокии онҳо ба вуҷуд омад. Дар таҷҳизотҳои алоҳида истифода бурдани даҳҳо ҳазор лампаҳои элект­ронӣ, транзисторҳо, конденсаторҳо, резисторҳо, трансформаторҳо ва ғ., ба воситаи кафшеру лаҳимкорӣ пайвастани нӯги онҳо боиси чунин норасоиҳо мегарданд: андозаи таҷҳизот ноҳинҷор, эътимоднокии кори таҷҳизот паст гардида, энергияи электрии зиёдро металабиданд ва ғ. Кашфи монтажи чопӣ, микромодул ва схемаи интегралӣ барои қисман бартараф гардидани ин норасоиҳо шароит фароҳам овард.

Мувофиқи принципҳои физикию технологӣ Микроэлектроника ба қисмҳои зерин тақсим мешавад: электроникаи ивтегралӣ, микроэлектроникаи вакуумӣ, электроникаи оптикӣ ва электроникаи функционаӣ. Электроникаи интегралӣ соҳаи бештар пешрафтаи Микроэлектроника мебошад. Баъди такомулоти ин соҳа имконияти дар шакли басо мӯъҷаз сохтани таҷҳизоти радиоэлектронӣ ба миён омад. Схемаҳои интегралӣ (микросхемаҳо) ҳам дар техникаи ҳисобкуниҳо системаҳои кайҳонӣ ва ҳам дар асбобҳои рӯзгор истифода мешаванд. Схе­маҳои интегралии нимноқили солҳои 1959—61 кашф гардида, дараҷаи интегронии онҳо баланд шуданд (дар як кристалли нимноқилӣ зиёда аз 1000-то элемент). Такомули техноло­гияи дар лавҳаҳои (пластинаҳои) нимноқилӣ тайёр кардани элементҳои фаъол (диодӣ ва транзисторӣ) бо роҳи гузариш ба тарзи гурӯҳӣ боиси ривоҷу равнақи технологияи тайёркунии компонентҳое ғайри­фаъоли микроминиатюрӣ ва техникаи монтажи чопӣ ва диг. дар навбати худ, боиси истеҳсоли схемаҳои  интегралии наворӣ гардид.

Ғайр аз схемаҳои интегралии нимноқилӣ ва навори схемаҳои интегралии муштарак ҳам тайёр карда мешаванд. Дараҷаи интегронии схемаҳои интегралии муштарак ба дараҷаи интегронии схемаҳои интег­рал ин нимноқилӣ наздик аст. Баъдтар схемаҳои интеградии вакуумӣ таҳия ёфтанд ва равияи нав — электроникаи вакуумӣ ба вуҷуд омад. Схемаҳо интегралии вакуумӣ дар намуди таҷҳизоти ҳа­маи ҷузъиёташ дар вакуум ҷойгирифта ё худ схемаи интегралии навории мӯъҷази ҳамаи асбобҳои электронвакуумиаш овезон сохта ме­шаванд. Чунин схемаҳои интегралӣ хеле мустаҳкаманд.

Схемаҳои интегралӣ аз рӯи таъиноташон ба ду гурӯҳ: рақамӣ (мантиқӣ) ва хаттӣ тақсим мешаванд. Схемаҳои интегралии рақамӣ дар компютерҳо (ҳисобмошинҳо) истифода бурда мешававд, схемаҳои интегралии хаттӣ бошанд, асосан ба­рои тағйирдиҳии бузургиҳои хаттии сигналҳои электрӣ (шиддатнокӣ, мо­дуляция ва ғ.) хизмат мекунанд.

Микроэлектроника асосан дар ду равия инкишоф ёфта истодааст: афзун гардондани дараҷаи интегронию зичии схемаҳои интегралӣ ва ҷустуҷӯи принципу ҳодисаҳои нави физикӣ барои сохтани таҷҳизоти алектроние, ки дар схематехника ва сантематехника истифода мешававд. Ин равияи нав дар намуди умумӣ микроэлектроникаи функционалӣ номида мешавад.

Ад.: Интегральные схемы, пер с англ.. М., 1970; Микроэлектроника. Сб. ст. в. 1—5. М.. 1967—72.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …