Маълумоти охирин
Главная / Биология / МИКРОБИОЛОГИЯ

МИКРОБИОЛОГИЯ

mikrobiologiyaМИКРОБИОЛОГИЯ (аз микро… ва биология), илмест дар бораи сохт, таърихи инкишоф, генетика, систе­матика, физиология ва экологияи микроорганизму (мас., бактерияҳо, микоплазмаҳо, занбурӯғҳо ва обсабзҳои микроскопӣ). Микробиология асосан биологияи микроорганизмҳо, коркарди усулҳои мубориза бар зидди микроорганизмҳои зараррасон ва истиродаи микрооргаиизмҳои фоиданокро тадқиқ, менамояд. Инкшиофи Микробиология ва талаботи амалия боиси ба соҳаҳои мустақили зерин ҷудо шудани илми мазкур гардид: Микробиологияи умумӣ, қонунҳои асосии инкишофи биологияи микроорганизмҳо ва мақоми онҳоро дар гардиши моддаҳо дар табиат меомӯзад. Вазифаи Микробиологияи тех­никӣ ё саноатӣ омӯхтан ва ҷорӣ намудани процессҳои микробиологие мебошад, ки барои ҳосил кардаии хамиртуруш, липидҳо, нуриҳои бактериявӣ, ферменту витаминҳо, антибиотику аминокислотаҳо, сафедаи микробӣ ва инчунин чорабиниҳои ҳифзи маҳсулоту ашёҳои ва материалҳои сохтмон, ки микроорганизмҳо вайрон мекунанд, заруранд. Микробиологияи хоҷагии қишлқ микрофлораи таркиби хок ва роҳи онро дар гардиши моддаҳо дар хок, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии растаниҳо муайян менамояд. Микробиологияи хоҷагии қишлоқ микроорганизмҳое, ки касалии растаниҳои хоҷагии қишлоқро ба вуҷуд меоваранд, меомӯзад ва барои мубориза бурдан бар зидди онҳо чораҳо меандешад. Вай инчунин усулҳои силосонии хӯроки чорво ва аз вайроншавӣ пешгирӣ кардани ҳосилро кор карда мебарояд. Микробиологияи тиббӣ ва ветеринарӣ, микроорганизмҳоеро, ки бемориҳои одаму ҳайвонотро ба вуҷуд меоранд, омӯхта, оид ба ташхису пешгирӣ ва муолиҷаи ин бемориҳо чораҳо меандешанд. Микробиологияи обӣ таркиби сифатию миқдории микро­флораи обанбор ва роли онҳоро дар процессҳои биохимиявӣ дар обанбор омӯхта, ифлосии оби обанборро назорат мекунад ва роҳҳои тоза кардани онро такмил медиҳад. Микробиологияи геолог процессҳои биологии ҳосил шудан ва вайроншавии ҷинсҳои кӯҳӣ, нефт ва диг. сарватҳои табииро меомӯзад. Дар рафти инкишофи Микробиология бактериология, вирусология, имму­нология ва протистология чун илмҳoи мустақил аз он ҷудо шуданд.

Нимаи дуюми асри 17 вақте, ки олими голландӣ А. Левенгук аввалин маротиба микроорганизмро кашф намуд, Микробиология ташаккул ёфт. Асосгузори Микробиология чун илм олими франсавӣ Л. Пастер ба шумор меравад. Вай на Фақат фарқи морфологӣ, балки фарқи физиологии микробҳоро низ муайян кардааст. Пастер исбот кард, ки туршшавию пӯсиш ва бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот дар натиҷаи фаъолияти микроорганизмҳо ба вуҷуд меорад. Дар ин давра олими немис Р. Кох усулҳои ҳосил кардани микроорганизмҳоро кор карда баромад, кн онҳо барои омӯхтани намудҳои махсуси микроорганизмҳо имкоиият доданд. Дар инкишофи Микробиология хизмати биологи рус И. И. Мечников бағоят калон аст. Ӯ солҳои 80 асри 19 назарии фагоцитозии (ниг. Фаго­цитоз) иммунитетро кашф намуд. Барои инкишофи Микробиология тадқиқоти олимони рус С. М. Виноградский, Д. И. Ивановский, В. Л. Омельянский ва диг., инчунин такомули усулҳои тадқиқот, истифодаи муваффақиятҳои химия, биохимия, физиологияи растаниҳо, биофизика ва илмҳои диг. низ мадад расонданд. Аҳамия­ти Микробиология дар хоҷагии халқ, рӯз аз рӯз меафзояд. Дар назди Совети Вазирони СССР Саруправленияи саноати микробиология (1966) ташкил карда шудааст. Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи Микробиология дар журналҳои «Микробиология», «Журнал микрбиологии, эпидемиологияи иммуно­биология» нашр мешаванд.

Дар Тоҷикистон аз солҳои 40 ин ҷониб дар соҳаи Микробиология тадқиқот мебаранд. Дар навбати аввал лозим омад, ки таркиб ва хусусиятҳои микрофлораи хоки Помир (Институти микробиология и АФ СССР), водии Вахш (Институти хокшиносии АФ РСС Тоҷикистон), хокҳои навкорами дашти Самгори вилояти Ленинобод (Институти хокишносии Вазорати хоҷагии қишолоқ РСС Тоҷикистон) омӯхта шаванд. Сонӣ омӯзиши паҳншавии гурӯҳи бактерияҳои азотандузи азробӣ дар хокҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва микроорганизмҳои хокҳои Помир оғоз ёфт. Солҳои 50 ро­ли микроорганизмҳо дар ҳосил кар­дани сода (карбонати натрий) ва шӯрхоки карбонатӣ дар ҷануби рес­публика, бо таъсири актиномицетҳо тағйир ёфтани таркиби хок омӯхта шуданд. Баробари таъсис ёфтани Институти тадқиқоти илмии санитарию бактериологӣ дар Душанбе (1931) Микробиологияи тиббии назариявӣ ва амалӣ та­шаккул ёфт. Аз тарафи бактериологҳои республика этиологияи бемориҳои рӯда, ханнок ва аҳамияти шаклҳои тағйирёфтаи бактерияҳои дизен­терия омӯхта шуданд. Аз солҳои 60 cap карда дар Институти зоология ва паразитологияи АФ РСС Тоҷикистон роҳҳои истифодабарии бактерияҳо, занбурӯғҳо ва микроспоридияҳоро дар муборизаи зидди зараркунандагони хоҷагии қишлоқ ва растаниҳои мевадор ҳамаҷиҳата тадқиқ мекунанд.

Ад.: Шлегель Г., Общая микроби­ология, М., 1972; Таджикская Советская Социалистическая Республика, Д., 1974.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …