Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКОЯН Артём Иванович

МИКОЯН Артём Иванович

mikoyan-artemМИКОЯН Артём Иванович (5. 8. 1905, деҳаи Санаин, ҳозира pайони Туманян, PСC Арм.— 9. 12. 1970, Моск­ва), авиаконструктори советӣ, акад. АФ СССР (1968; аъзо-корр, 1953), генерал-пол­ковники хизмати инженерӣ – техни­кӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1956, 1957). Аъзои КПСС аз соли 1925. Аз соли 11923 аввал дар заводхои Ростови Дон ва баъд дар заводи «Динамо»-и Москва ҳаррот шуда кор кард. Пас аз хатми Академияи ҳарбӣ-ҳавоии инженерии ба номн Н. Е. Жуковский (1936) намояндаи ҳарбӣ дар заводи авиационӣ ва баъд ҷонишини раиси бюрои конструктории ҳа­мон з-д буд. Аз соли 1940 сарконстружтори бюрои таҷрибавӣ-конструкторӣ оид ба самолётсозӣ. Соли 1940 таҳти роҳбарии Микоян (ҳамроҳи М. И. Гуре­вич) самолёти киркунандаи МИГ-1 сохта шуд. Намуди такмилёфтаи са­молёти мазкур (МиГ-3) дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истифода шуд. Микоян яке аз пионерони авиацияи реактивӣ дар СССР мебошад. Як қатор самолётҳои қиркунандаи фавқуссадои реактивӣ сохт. Бо самолёти реактивии Е-266 (конструкцияи Микоян) якчанд рекордҳои ҷаҳонӣ гузошта шуд. Де­путати Совети Олии СССР (даъватҳои 3—8). Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1941, 1947, 1948, 1949, 1952, 1953) ва ленинӣ (1962). Бо 6 ордени Ленин ва диг. ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …