Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКОТОКСИКОЗҲО

МИКОТОКСИКОЗҲО

mikotoksikozМИКОТОКСИКОЗҲО (аз юн Mукеs —занбурӯғ ва toxixon — заҳр), касалиҳои ҳайвонот. Аз моддаҳои заҳрогини занбурӯғҳои дар хӯрок ғуншуда ба вуҷуд меоянд ва васеъ паҳн мешаванд; сироятӣ нестанд. Баробари иваз кардани хӯрок касалӣ қатъ мегардад. Микотоксикозҳо тирамоҳи баҳор ҳангоми чарондани чорво дар чарогоҳҳои гиёҳашон хӯшадори да­равнашуда ё зимистон ҳангами ба чорво додани ему хошоки нам пайдошуда метавонанд. Вазнини ё сабук гузаштан ва нишонаҳои клини­кии Микотоксикозҳо ба миқдори заҳри ба орга­низм дохилшуда, муддати таъсири вай ва инчунин хусусиятҳои микро­организм вобастаанд. Ниг. низ Стахиботритоксикоз.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …