Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКОЛОГИЯ

МИКОЛОГИЯ

mikologiyaМИКОЛОГИЯ (аз юн. mykes — занбурӯғ ва …логия), илмест дар бораи занбурӯғҳо (яке аз фаслҳои ботаника). Вазифаи асосии Микология омӯхтани морфология, систематика, био­логия, физиология, биохимия, эколо­гия, география, филогенняи занбурӯғҳо, инчунин мақоми онҳо дар табиат ва зиёди инсон мебошад. Микология бо фитопатология (ба вуҷудоварандаи як қатор касалиҳои растаниҳо занбурӯғҳои фитопатогенианд), тиб, ветеринария (бисёр занбурӯғҳои паразитӣ ангезандаи бемориҳои одам ва ҳайвонот мебошанд) ва саноат, аз ҷумла саноати микробиологӣ (занбурӯғҳое ҳастанд, кн барои истеҳсоли пенициллин ва гризеофулвин барин антибиотику, инчунин витаминҳо, кислотан лиму, ферментҳо ва ғ., ба кор меоянд) алоқаманд аст. Занбурӯғҳо аз қадимулайём инҷониб маълуманд. Тараққиёти Микология ба се давра ҷудо мешавад. Давраи 1-ум (то нимаи дуюми асри 19) давраи кӯшишҳои аввалин таснифи занбурӯғҳо. Давраи 2-юм (нимаи дуюми асри 19) омӯзиши систематикаи занбу­рӯғҳо, онтогенез ва филогенези онҳо. Дар ин давра доир ба хусусиятҳои инкишофи занбурӯғҳои касалиовар тадқиқотҳои муҳим гузаронида шу­даанд. Дар давраи 3-юми тараққиёти Микология (аз охири асри 19) физиология ва биохимияи занбурӯғҳо инкишоф ёфт. Дар инкишофи Микология олимони хориҷӣ (X. Персон, Э. Фрис, Н. А. Вейнман, Л. ва Ш. Тюлан, А. де Бари, Г. Клебс), рус (С П. Крашенин­ников, М. С. Воронин) ва совети (А. А. Ячевский, Л. И. Курсанов,

В. Ф. Купревич ва диг.) саҳми арзанда гузаштанд. Дар СССР тадқиқоти илмии занбурӯғҳо дар институтҳои ботаникӣ, борҳои ботаникӣ ва университетҳо гузаронида мешаванд. Мақолаҳо доир ба Микология дар журналҳои «Мико­логия и фитопатология» (аз 1967) ва «Новости систематики низших рас­тений» (аз 1964) нашр мешаванд.

Аввалин тадқиқотҳои микологиро дар Тоҷикистон В. Л. Комаров гузаронидааст. Мунтазам омӯхтани фло­ра, систематика ва экологияи занбу­рӯғҳои Тоҷикистон аз соли 1941, баъди дар Душанбе ташкил шудани Институти ботаникаи АФ PCС Тоҷикистон cap шуд. Ҳоло дар республика ба омӯхтани микоризаҳои дарахтони паҳнбарг, арҷазор, барангезандаҳои касалиҳои одаму ҳайвонот, пахта ва ғ. аҳамияти калон медиҳанд.

Ад.: Курсанов Л. И., Микология, М., 1940; Беккер 3. Э., Физиология гри­бов и их практическое использование, М., 1963.

Я. И. Корбонская.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …