Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИГРАЦИЯИ АҲОЛӢ

МИГРАЦИЯИ АҲОЛӢ

migraciyai-aholiМИГРАЦИЯИ АҲОЛӢ, муҳоҷи­рати аҳолӣ, аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидани аҳолӣ. Миграцияи аҳолӣ дохилӣ ва хориҷӣ мешавад. Дар дохили мамлакат ҷой иваз кардани аҳолиро Миграцияи аҳолии дохилӣ, муҳоҷирати одамонро аз як мамлакат ба мамлакати дигар ё аз як континент ба континенти дигар Миграцияи аҳолии хориҷӣ меноманд. Ба Миграцияи аҳолии дохилӣ 6а шаҳр кӯчидани аҳолии деҳот ва афзоиши аҳолии шаҳрҳо хос аст. Миграцияи аҳолии хориҷӣ бошад, иммиграция ва эмиграцияи аҳолиро дар бар мегирад. Ба ин ё он мамлакат барои истиқомати доимӣ ё дарозмуддат кӯчида омадани одамони давлати дигар — ми­грацияи аҳолӣ; аз зодгоҳи истиқоматгоҳи муқимӣ ба мамлакати дигар муҳоҷир шудани мардум — эмигра­цияи аҳолӣ номида мешавад. Сабабҳои асосии Миграцияи аҳолӣ— омилҳои иҷтиоию иқтисодӣ, инчунин сабабҳои сиёсӣ (ташкилёбии давлатҳои нав. тағйир ёфтани сарҳадҳои давлатӣ. табаддулот дар сохти сиёсию иқтисодии давлатҳо) ва баъзан хусусиятҳои миллию динӣ мебошанд. Миграцияи аҳолӣ дар таърихи инсоният роли калон бозидааст. Процессҳои сукунати одамон, истифодаи самарабахши замин, тараққии қувваҳои истеҳсолӣ, ташкил ёфтан ва ба ҳам омехта шудани нажодҳо, забонҳо ва халқҳо бо Миграцияи аҳолӣ алоқаманданд. Миграцияи аҳолӣ махсусан дар давраи таърихи нав, дар замони капитализм хеле авҷ гирифт. Бекорӣ, ба ояндаи худ эътимод надоштан, ҳар гуна таъқибот ва ғ. миллионхо нафар ода­монро водор менамуд, ки диёри худро тарк кунанд. Мас., солҳои 1901—10 ба ШМА аз мамлакатҳои дигар 8825 ҳазор нафар, аз он ҷумла аз Рос­сия 5 127 ҳазор нафар одамон кӯчиданд. Солҳои 70 дар иқтисодиёти мамлакат­ҳои капиталистии Европа бештар аз 9 млн нафар коргарони хориҷӣ банд буданд (дар РФГ 300 ҳазор кор­гарони италиявӣ, 170 ҳазор испанӣ, 251 ҳазор юнонӣ; дар Франция 632 ҳазор коргарони италиявӣ, 700 ҳазор испанӣ ва ғ.). Ҳангоми дар терр. собиқ мустамликаи Британия ташкил ёфтани ду давлати соҳибихтиёр — Ҳиндустон ва Покистон ба сабаби таъқиботи динӣ қариб 16 млн нафар мусулмонон ва ҳиндуён ҷои истиқомати худро иваз карданд. Дар замо­ни ҳозира аз деҳот ба шаҳрҳо кӯчидани одамон торафт меафзояд. Аз соли 1920 то 1970 дар тамоми ҷаҳон шумораи сокинони шаҳрҳо қариб 1 млрд нафар афзуд. Дар шароити сохтмони социалистӣ дар СССР, планкашии давлатии хоҷагии халқ ҷойивазкунии муташаккилонаи аҳолиро дар дохили мамлакат таъмин намуд. Солҳои 1926—39 ба районҳои нави саноатии Урал, Сибирь, Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Шарқи Дур 4,7 млн нафар, солҳои 1950—70 ба заминҳои навкорами Қазоқистон ва Осиёи Ми­ёна 1,2 млн нафар кӯчонида шуд. Солҳои 1927—69 дар СССР аҳолии шаҳрҳо ба 105,4 млн нафар афзуда, моҳи январи 1979 он ба 163,6 млн нафар расид. Дар Тоҷикистон ҳам ба муносибати сохтмони иншоотҳои бузург, ба монанди ГЭС-ҳои Норак ва Роғун, калонтарин дар Осиёи Миёна заводи злектрохимиявии Своя ва з-аводи алюминии ш. Турсунзода, инчунин азхуд намудани даштҳои Данғара, Ашт ва Бешкент Миграцияи аҳолӣ хе­ле вусъат ёфт.

Тадқиқи Миграцияи аҳолӣ барои планкашии умумииқтисодӣ ва регионалӣ, истифодаи захираҳои меҳнатӣ аҳамияти калони амалӣ дорад.

Ад.: Вопросы народонаселения и де­мографической статистики. М., 1946; Марксистско-ленинская теория народо­населения, М., 1971: Статистика миграции населения. М.. 1973.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …