Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИГДАЛ Аркадий Бейвусоввч

МИГДАЛ Аркадий Бейвусоввч

migdalМИГДАЛ Аркадий Бейвусоввч (таваллуд 11. 3. 1911, Лида, ҳозира вилояти Гродно), физики советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953). Соли 1936 Университетти давлатии Ленинградро хатм намуд. Солҳои  1943—45 дар Институти проблемаҳои физикии АФ СССР, 1945—71 дар Ин­ститути энергияи атом кор кард; аз 1971 инҷониб дар Институ­ти физикаи назариявии АФ СССР. Дар айни замон профессори Институти инженерию физикии Москва (с 1944). Назарияи афканиши диполӣ ва квадруполии ядро ва назарияи ионизацияшавии атомҳоро дар ҷараёни реакцияҳои ядроӣ инкишоф дод. Таъсири пароканиши бисьёркаратаро ба афканиши тормозӣ омӯхт. Муаллифи усули ҳалли масъалаи квантии чанд ҷисмҳо мебошад. Назарияи фавқунноқилиятро дар тадқиқи масъалаҳои физикӣ, ки ба сохти ядро оиданд, татбиқ карда, моментҳои инерцияи ядроҳои ҷуфт ва тоқро ҳисоб кард. Дар асоси назарияи квантии майдон назарияи миқдории ядроро ба вуҷуд овард. Проблемаи воляризацияи вакуумро дар майдонҳои пуршиддати магнитӣ тадқиқ кард. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …