Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЕЛИТ

МИЕЛИТ

mielitМИЕЛИТ (аз юн. myelos — ҳароммағз), илтиҳоби ҳароммағз. Меилит ду хел мешавад: Меилити аввалӣ ва сонӣ. Меилити аввалиро вирусҳои гуногуни нейротропӣ ба вуҷуд меоранд; Меилити сонӣ аз процессҳои сироятию аллергӣ, ҷароҳат ва ғ. cap мезанад. Ҳангоми Меилит аксар пардаҳои ҳароммағз ва решачаҳои асаб зарар мебинанд. Меилити аввалӣ хеле тез инкишоф меёбад. Дар ин ҳолат ҳарорат ба­ланд шуда, дард шиддат мегирад ва функцияи системаи асаб вайрон ме­шавад. Ҳангоми мавти ҳуҷайраҳои асаб кас ба фалаҷ гирифтор меша­вад.

Муолиҷа: истеъмоли антибиотикҳо, моддаҳои десеисибилизационӣ, витаминҳо; масҳ, варзиш, бал не­отерапия, моддаҳои муқаввӣ тавсия мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …