Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИДИЯ

МИДИЯ

midiyaМИДИЯ (My til us), як ҷинси нармбаданҳои дутабақа. Дарозиаш то 20 см аст. Бо ёрии пойҳояш ба предметҳои зериобӣ часпида инкишоф меёбад. Дар мантияаш об гардиш карда, ба нафаскашӣ ва ғизогирӣ кӯмак мерасонад. Мидия калон дар як шаборӯз то 70 л обро аз мантияи худ гузаронда ме­тавонад. Ғизo дар ин ҳолат бо ҷараёни об ба сӯрохии даҳон дохил мешавад ва оби боқимонда аз орга­низм мебарояд. Дар обҳои мӯътадил ва тропикии Нимкураи шимолӣ Мидия edulis (ниг. расм) паҳн шудааст. Орди Мидия барои паррандаҳои хонагӣ хӯроки хуб мебошад. Баъзе намудҳои Мидияро парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …