Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИДЕНШОР

МИДЕНШОР

МИДЕНШОР, деҳа, маркази С. қ Поршневи райони Шуғнони ВАБК. Терр. совхози ба номи Ш. Шотемуров. Аз Миденшор то маркази район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 875 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миё­на, омӯзишгоҳи мусиқии бачагона, хонаи пионерон, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, ошхона, комб. хизма­ти маишӣ (цехҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва тунукасозӣ) дорад. Сокинони деҳа бо деҳқонӣ (обчакорӣ, боғдорӣ ва ғ.) машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаи Носири Хисрав обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …