Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКЛУХО-МАКЛАӢ

МИКЛУХО-МАКЛАӢ

miklukhoМИКЛУХО-МАКЛАӢ Николай Ни­колаевич (17. 7. 1846, деҳаи Рождественский, ҳозира райони Боровичи вилояти Новгород — 14. 4. 1888, Петер­бург), сайёҳ, табиатшинос, антропо­лог ва этнографи рус. Аз оилаи ин­женер. Солҳои 1866—69 ба ҷазираҳои Ка­нар, Модейру, Марокаш саёҳат кар­дааст. Соли 1870 антропология ва этнографияи халқҳои Осиёи Ҷан. Шарқӣ, Австралия, ҷазираҳои уқёнуси Оромро омӯхта, аз 18/1 ба тадқиқи тарзи зиндагӣ ва маданияти халқҳои маҳаллии Гвинеяи Нав, нимҷазираи Малакка, Филип­пин, Индонезии, Микронезия, Меланезия, Австралия машғул шуд. Ӯ дар асоси материали фаровони гирдовардааш ҳамавлоду ҳамнажод буддоӣ одамонро исбот намуда, типҳои антропологии меланезиҳоро аз ҷиҳвти илмӣ муфассал тавсиф кард. Миклухо-Маклай ба муқобили нажодпарастию мустамликадорӣ баромада, озодӣ ва ис­тиқлолияти халқҳоро ҳимоя менамуд. Коллеокцияи бои зтнографӣ ва антропологии ӯ дар Музеи антропо­логия ва этнографияи Ленинград маҳфуз аст. Ҳоло соҳили шим. шарқии Гвинеяи Нав ба шарафи Миклухо-Маклай номида шудааст. Соли 1947 Институти этнографияи АФ СССР номи Миклухо-Маклайро гирифт.

Ае.: Собр. соч., т. 1—5, М.—Л.. 1950— 1954.

Ад.: Колесников М. С., Миклу­хо-Маклай. М., 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …