Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИАСТЕНИЯ

МИАСТЕНИЯ

miasteniyaМИАСТЕНИЯ (аз юн. mys, myos— мушак ва astheneia — камқувватӣ, бемадорӣ), фалаҷи астении булбарӣ, бемории Эрб-Гольдфлам, бемории асабу му­шак. Аломати асосии он зуд хасташавии мушакҳои кундаланграх мебошад. Беморӣ одатан дар синни 20—40-солагӣ cap мешавад. Ба Миастения бештар занҳо гирифтор мешаванд. Аз Миастения асосан мушакҳои пилки чашм ва мушакҳои жовиш зарар мебинанд.

Муолиҷа: истеъмоли препаратҳои антихолинэстеразӣ, витаминҳо (хусусан гурӯҳи В), тарбияи бадан, баъзан гирифта партофтани ғадуди ҷоғар.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …