Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МИ РЪОТ-УЛ-ФУТӮҲ»

«МИ РЪОТ-УЛ-ФУТӮҲ»

mirot-ul-futuh«МИ РЪОТ-УЛ-ФУТӮҲ» («Оинаи пирӯзиҳо»), асари таърихии

Тӯрахоҷа ибни Зиёуддинхоҷаи Андиҷонӣ. «Миръот-ул-футӯҳ» солҳои 1804-65 таълиф гардида, ба сарлашкари Хуҷанд Олимқул (1862—65) бахшида шуда­аст. Асар аз чор фасл ва хотима иборат аст. Фаслҳои алоҳидаи он ба таърихи Мовароуннаҳр то замони ҳукмронии Абулфайзхон (1711—47), таърихи водии Фарғона, Дашти қипчоқ, шаҳрҳои Андиҷон, Маргелов, Намангон, Тошкент, Хуҷанд, Ӯротеппа, вилоятҳои Қаротегину Дарвоз ва мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷум­ла ба таърихи Туркия бахшида шудаанд. Дар «Миръот-ул-футӯҳ» инчунин оид ба воқеаҳои таърихии дар терр. хонии Хуҷанд бавуқӯъомада (то соли 1863) маълумоти фаровон мавҷуд аст. Нусхаи ягонаи дастнависи асар дар китобхонаи Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон маҳфуз аст.

Ад.: Зимин Л., «Зеркало побед» («Миръат-ал-футӯҳ»). и его значение для истории Кокандского хаяства. «Прото­кол… Туркестанского кружка любите­лей археологии», т. XVIII, (вып. 10), Ташкент, 191Э; Мухтаров А., Очерк истории Ура-Тюб и некого владения в XIX

в.. Д., 1904.

А. Мухтаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …