Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕЗОЛИТ

МЕЗОЛИТ

mezolitМЕЗОЛИТ (аз мезо.. ва юн. lit- hos — сайг), асри миёнаи санг, дар паи гузариш аз палеолит ба неолит. Муқаррар карда шудааст, ки давраи Мезолит дар Европа 10—7 ҳазор сол, дар районҳои шимолӣ 6—5 ҳазор сол, дар Шарқи Наздик 12—9 ҳазор сол пеш аз ин давом намудааст. Маданияти Мезолит гуногун ва ганист: маданияти азил ва тарденуа (Европа), маглемозе ва эртебёлле (Шимоли Европа), натуф (Ҷан. Ғарби Осиё), хоабин (Чен. Шарқи Осиё) аз ҳамин қабил аст. Дар давраи Мезолит олоти тези сангӣ (табар, дос, зоғнӯл) ва олоте, ки аз шохи ҳайвонот сохта шудааст, инчунин шасти моҳигирӣ ба вуҷуд омаданд. Тиру камон, тар­зи гуногуни моҳигирӣ ва шикори ҳайвоноти баҳрӣ расм шуд. Зарфҳои сафолӣ асосан дар давраи гузаштан аз Мезолит ба неолит пайдо шу­даанд. Эҳтимол, саг ҳам дар охирҳои палеолит ром гардида, дар давраи Мезолит ба мардум хизмат мекард. Ром кардани баъзе ҳайвонҳо (хук ва ғ.) низ оғоз ёфт. Асоси хоҷагӣ аз шикор, моҳигирӣ, ҷамъоварии меваю бехи растаниҳо иборат буд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон (Ошхона, Тутқавул ва ғ.) баъзе ёдгорҳои давраи Мезолит ёфт шудаанд.

В. А. Раков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …