Маълумоти охирин

МЕЗЕНЬ

mezenМЕЗЕНЬ, дарьёест дар РАСС Коми ва вил. Архаягеньски РСФСР. Тӯлаш 966 км, масоҳати ҳавзааш 78 ҳазор км2. Аз ботлоқзори нишебиҳои ғарбии кряжи Тиман cap шуда ба б. Сафед мерезад. Манбааш барфу бо­рон. Сарфи миёнаи об 886 йг/сон, максималиаш 9530 мэ/сон. Давраи обхезӣ май — июнь. Аз охирҳои октябр то охирҳои апрел— аввалҳои май яхбуш аст. Шохобҳои асосиаш: аз рост — Мезенская, Пижма, Сула, Пеза; аз чап — Вашка. М. барои салронӣ, киштигардӣ (аз резишгоҳаш ба масофаи 371 км, баҳорон то 681 км) истифода мешавад. Моҳигирӣ тараққӣ кардааст. Дар соҳили дарьё ш. Мезень воқеъ аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …