Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МЕЪЁРИ ҶАМОЛӢ»

«МЕЪЁРИ ҶАМОЛӢ»

«МЕЪЁРИ ҶАМОЛӢ» асари адиби а. 14 Шамси Фахрӣ, ки ба ҳокими Шероз Ҷамолуддини Абӯисҳоқ пешкаш карда, ба ин муносибат «Меъёри Ҷамолӣ» номидааст. «Меъёри Ҷамолӣ» 4 қисм аст. 3 қисми аввал улуми сегонаи адабӣ — арӯз, қофия, бадеъро дар бар гирифтааст. Шамси Фахрӣ дар таснифи ин се қисм аз «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашиди Ватвот ва «Ал-муъҷам»-и Шамси Ҳайси Розӣ истифода бурдааст. Лекин мусанниф ба ҷои порчаҳои шеърие, ки Рашиди Ватвот ва Шамси Қйс аз эҷодиёти саромадони сухан далел овардаанд, ба сифати мисол ашъори маснӯи ба мадҳи мансабдорони давр бахшидаи худро нақл кардааст. Бинобар он, асараш аз ҷиҳати қимати эстетикӣ дар пояи пасттаре қарор гирифтааст. Қисми 4-уми «Меъёри Ҷамолӣ» фарҳанги тафсирии мухтасарест. Мусанниф тақрибан 1600 калимаи камистеъмол ва ғайримаъмули форсӣ (тоҷикӣ)-ро ба тартиби алифбо аз рӯи ҳарфи охир шарҳ додааст. Сарчашмаи ин қисми «Меъёри Ҷамолӣ» «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсист, лекин дар ин ҷо ҳам Шамси Фахрӣ шоҳидҳои луғавиеро, ки Асадӣ аз осори шоирони асрҳои 9—11-и Мовароуннаҳру Хуросон оварда буд, бо абёти худ иваз кардааст. Шамси Фахрӣ феълҳоро дар ду шакл — тасрифӣ ва масдарӣ зикр кардааст: «шахш, шахшидан — лағжидан», «пайхуд, пайхудан — сӯхта доғдор шудани либос аз наздикии оташ». Баъзе калимаҳо бо чандин муродифи шевагиашон омадаанд: карабш, муродифҳояш — карабша, карабса, карабшу, каробсу, карбоса ва ғ. Қисми 4-уми «Меъёри Ҷамолӣ» ки бештар шӯҳрат ёфта, минбаъд бо унвони «Фарҳанги Шамси Фахрӣ», «Луғати фурс», «Луғати фурси қадим» зикр шудааст. Инчунин мусаннифони фарҳангҳои «Тӯҳфат-ул-аҳбоб», «Маҷмаъ-ул-фурс», «Фарҳанги Ҳусайни Вафоӣ», «Дурри дарӣ», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» аз ин асар истифода бурдаанд. Қисми 4-уми «Меъёри Ҷамолӣ»-ро соли 1885 К. Г. Залеман дар хазон бо номи «Луғати фурс»-и Шамси Фахрӣ чоп кардааст; қисмҳои дигари китоб то имрӯз ба табъ нарасидаанд.

Ад.: Тагирджанов А. Т., Первый трактат шамси Фахри Исфагани по персидской поатике, «Вестник Ленинградского ун-та, серия, истории языка и литературы», в. 3, I960, № 14.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …