Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МЕВАҶОТИ МАЪМУЛА ДАР БИЛОДИ МОВАРОУННАҲР»

«МЕВАҶОТИ МАЪМУЛА ДАР БИЛОДИ МОВАРОУННАҲР»

«МЕВАҶОТИ МАЪМУЛА ДАР БИЛОДИ МОВАРОУННАҲР», рисолае дар бораи меваҷоти сарзамини тоҷикон ва умуман Осиёи Миёна. Муаллиф ва соли таълиф номаълум. Дар рисола, пеш аз ҳама номи дарахтони мева («муруд, турунҷ, олу, себ, анҷир, чормағз, шафтолу, анор, биҳӣ, писта, тут, зардолу, норинҷ, хурмо ва ангур) зикр ёфта, дар Аъробу Аҷам бо кадом ном қайд шудани ҳар кадом шарҳ ёфтааст. Мас., «Дар диёри мо муруд гӯянд, аъроб ронд хонанд», ё «Ҷавз». Ба форсӣ гирдакон, дар урф чаҳормағз гӯянд» ва ғ. Баъд дар бораи қаламчаю ниҳолшинонӣ, кишт, тезонидани суръати сабзишу бороварии онҳо, беҳтар кардани сифати мева ва ғ. сухан рафтааст. Чунончӣ, «Анҷир дар баҳору тирамоҳ метавон шинонд. Қаламчааш беҳтар аз ниҳолаш бошад. Баъзе гуфтаанд: агар дар ҷавзо бикоранд, бигирад. Дар ҷое бояд нишонид, ки офтоб битобад…». Рисола оид ба пайванди дарахтон низ маълумотҳои муфид дорад. Мас., «Пайванди анҷир бар шоҳтут биги­рад» ё «Пайванди ҷавз ҷуз бар ҷавз ва писта нагирад» ва ғ. Муаллифи рисола ба масъалаи аз ҳашарот муҳофизат намудани дарахтон, дер ни­гоҳ доштани мева диққат додааст. Ба ақидаи муаллиф, агар дар гирдогирди дарахти себ пиёзи даштӣ кош­та шавад, дар самараш кирм пайдо намешавад ва «агар турунч дар миёни нав монанд, муддате тавил (дароз) биистад» ё «агар себ дар барги анҷир печида нигоҳ доранд, мудда­те тоза бимонад, барги ҷавз низ ҳа­мин хосият диҳад» ва ё «… анҷирро ба асал олуда, дар зарф ниҳанд, чунончи ба якдигар нарасад ва сари онро маҳкам кунанд, муддате тоза бимонад». Дар рисола ҳамчунин табиату хосияти шифоии меваҳо шарҳу тафсир ёфтааст. Мас., «Анор се қисм бошад: турш, ширин, нордон, ки кой гӯянд. Он чи ширин бувад, сард бошад, дар аввали дараҷаи ду­юм ва тар бувад дар охири он… Ҳалқу синаро нарм дорад. Меъдаро ҷило диҳад, хафаконро судманд бошад, бавл биронад…» ва ғ.

Рисолаи мазкур асари комили илмиест, ки ба тарзу оини классикӣ таълиф шуда, аҳамияти илмию амалӣ дорад. Ин рисола дар дохили маҷмӯаи асарҳои Садри Зиё (захи­раи дастнависҳои шари Институти шарқкшиносии АФ РСС Ӯзбекистон, № 2193) мавҷуд аст.

С. Сиддиқов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …