Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТРОЛОГИЯ

МЕТРОЛОГИЯ

metrologiyaМЕТРОЛОГИЯ (аз юн. matron— ченак, андоза ва… логия), илмеет оид ба ченкунӣ (андозагириҳо), методҳои таъмини ягонагӣ ва саҳеҳи онҳо. Масъалаҳои асосии Метрология инҳоанд; а) назарияи умумии ченкуниҳо; б) ташаккули воҳидҳои бузургиҳои физикӣ ва системаҳои онҳо; в) тариқу воситаҳои ченкунӣ; г) усулҳои муайян кардани саҳеҳии ченкуниҳо (назарияи хатоҳои ченкунӣ); д) асосҳои таъмини ягонагии ченкуниҳо ва якхелагии воситаҳои ченкунӣ; е) ба вуҷуд овардани эталонҳо ва воситаҳои намунавии ченкунӣ; ж) методҳои аз эталонҳо ба воситаҳои намунавӣ ва аз онҳо ба воситаҳои кории ченкуниҳо гузарондани андозаҳои воҳидҳо. Метрология аввалҳо ба тавсифи андозаҳои гуногун (хаттӣ, ғунҷоишӣ, масса, вақт), инчунин андозаҳои пулии мамлакатхҳои гуногун ва таносуби байни ин андозаҳо (ниг. Метрологияи таърихӣ) машғул буд. Қабул карда шудани конвенцияи метрӣ ва таъсис ёфтани Бюрои байналхалқии андозаҳо ва натанҳо дар инкишофи Метрология дигаргунии қатъӣ ба амал овард. Метрологияи муосир ба эксперименти физикии фавкуссаҳеҳ такя мекунад, комёбиҳои физика, химия ва диг. илмҳои табииро истифода мебарад. Дар айни замон қонун ва қоидаҳои хоссаеро муқаррар мекунад, ки барои миқдоран муайян кардани хосиятҳои объектҳои дунёи материалӣ имконият медиҳанд. Дар Иттифоқи Советӣ умури метрологӣ дар васоити Комитети давлатии стандартҳои СССР аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …