Маълумоти охирин

МЕТРИТ

metritМЕТРИТ (аз юн. metra — бачадон), илтиҳоби қабатҳои пай ва луобии бачадон. М. дар натиҷаи ба ковокии бачадон ворид шудани сироят (пеш аз ҳама стрептококкҳо ва стафилококкҳо), баъд аз исқот, боди тавлид, баъзан чун боди бемориҳои шадид (сил, ангина ва ғ.) рӯй медиҳад. Ҳангоми Метрити шадид ҳарорати бадан баланд шуда, cap дард мекунад ва одам бемадор мегардад; бачадон васеъ шуда, дард мекунад ва дар вақти ба он расидан аз манбаи моеи римдор ё римдори хунолуд ҷудо мешавад.

Муолиҷа: оромӣ, хунук нигаҳ доштани зери шикам, истеъмоли антибиотикҳо, сулфаниламидҳо. Ҳангоми Метрити шадид физиотерапия ва муолиҷа дар курорҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …