Маълумоти охирин

МЕТОНИМИЯ

metonimiyaМЕТОНИМИЯ (юн. metonymia — табдили ном, ном дигар кардан), яке аз воситаҳои бадеӣ, ивази калима ё мафҳуме ба калимаи дигар,

ки бо он аз ягон ҷиҳат алоқаманд аст. Метономия дар заминаи ҳамҳудудии предметҳо тавассути умумиятҳои масоҳатӣ, масофагӣ ва фосилавӣ, зарфият ҳамчунин қаробати мантиқию шаклии мафҳумҳо ба вуқӯъ меояд. Метономия як навъи маҷоз — навози мурсал буда, ба хусусиятҳои сермаъноии калимаҳои забон ва функцияи гуногуни онҳо дар нутқи хаттӣ ва гуфтугӯи асос меёбад. Дар илми балоғати классикӣ навъҳои маҷози мурсал аз қабили «зикри зарф — иродаи мазруф», «зикри мазруф — иродаи зарф», «зикри умум — иродаи хусус», «зикри хусус — иродаи умум», «зикри кул — иродаи ҷузъ» ва ғ. (25—30 адад) вуҷуд доранд. Мас., дар ифодаи — «Хеле бамаза будааст, май боз як косаи дигар мехӯрам», калимаи «коса» ду мафҳум — хӯрок ва зарфро ифода мекунад. Мисолҳо доир ба намудҳои М.: 1) Номи манзилу макон, истиқоматгоҳҳо ба аҳли онҳо мегузарад; Ин воқеа деҳаро ба по хезонда буд. Ӯро аудитория хомӯшона пешвоз гирифт. 2) Бо як мафҳум баъзан ҳам ҷамъомаду чорабиниҳо ва ҳам иштирокчиёни онҳоро дар назар доранд; Чун шоҳзода ин сухан тамом кард, фиғон аз маҷлис баромад. Конференция қарор қабул кард. 3) Бо зикри номи муаллиф асари ӯ дар назар дошта мешавад; Ин калима дар Фирдавсӣ вомехӯрад. Байни М. ва ташбеҳ низ қаробате ба назар мерасад, вале дар М. адоти ташбеҳ истифода намешавад.

Ад.: Ахманова О. С., Словарь лингвистических терминов, М., 1966; Квятковский А. П., Поэтический словарь, М., 1966; Муминов А., Полисемия в таджикском языке, АКД., Д., 1972; Зехни Т., Санъати сухан, Д., 1979.

А. Рустамов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …